Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тафтиш нигариста. Дар овози вай фоҷиаи маъшум ва ноумедии то ҳол гӯшношуниде эҳсос гашту ҳама ба якборагӣ маъюс монданд.
– Тарма катӣ ин сангҳо афтодаст?.. А?.. – ба ҳақиқати ҳол ҳеҷ бовар намекард Ҳусейн ва гаштаю баргашта пурсон буд.
– Раҳи дигар нест-а? – акнун худаш мепурсид Самеъ. Вай ҷавобе нагирифта ба рӯи шариконаш нигарист: – Чӣ кор мекунем-а?.. Ҳой, Рашид, гап зан охир?
Ҳусейн ҳиққос зада ба гиря даромад. Самеъу Рашид ҳам азбаски ба гиристан наздик буданд, ба вай имкони тасаллибахшӣ надоштанд.
– Се кас баробар тела кунем-чӣ?.. Аввал барфаша кофта ба пеш кашему сонӣ... – пешниҳод кард Рашид, вале ҳамоно шубҳаи худро изҳор намуд: – Лекин ин сангҳо меҷунбидагӣ барин не. Санг болои санг, санг болои санг...
– Бед, баробар... як зӯр занем... – Самеъ пеш гузашту бо дастонаш барфро кофтан гирифт.
– Халтаи ман гум... Зери барф мондаст... – гуфт Ҳусейн паёпай дами сард кашида.
Ин сухани Ҳусейн ба Рашиду Самеъ тир барин расид.
Самеъ ба вай як ало нигаристу дашноме дод, ки онро ҳар кас ба забон намегирад ва навиштан аз одоб нест. Рашид ҳарфе назад, ҳатто пинакашро вайрон накард, фақат оҳиста ба тарафи девор туф кард.
– Дар халтаи ман майиз буд, мехӯрдем, – суханашро эзоҳ дода худро сафед кардан хост Ҳусейн. – Дар ин ҷо чӣ мехӯрӣ?
То омада халос мекунанд, ки пой дароз кардан мумкин.
– Заҳра мехӯрӣ! Фаҳмидӣ?.. Омада халос мекардаанд! – Аз рӯи қабати харсангҳои афтодагӣ барфро кашида,

пешина
аз 192
навбатӣ