Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
таҳи дар истода.
Афлесунро дида, Шаҳрӣ ба пойкӯбӣ даромад. Бо сухан ором кардан хостанд, нашуд. Гиря кард. Апаам ба қаҳр ду-се шаппотӣ заданду дар як даст кӯлбор бо дасти дигар Шаҳриро кашола карда, аз хона баромаданд. Осон не, дар таҳи дари боғча қаламу дафтар кати меистанд, ҳар кас бачаашро дер биёрад, номашро нависта мегардонанд, қабул намекунанд.
Гӯё Шаҳрӣ дер монад, ягон дастгоҳ бекор мемонда бошад...
Азбаски ба ҳоли ҷиянчаам хеле дилам сӯхт, ҳамон рӯз барои аз боғча гирифтани вай барвақттар рафтам. Бачаро ҳар қадар хоҳед, барвақт аз боғча гирифтан мумкин аст.
Бачаҳо дар зери дарахтон давутоз доштанд. Тӯтӣ-хола ва як зани дигар дар оби водопровод усмаи абруяшонро мешустанд. Онҳо... Ногаҳон, ё пирам... ҳа, бале, ба эҳтироми ман аз ҷо хестанд!.. Бале, Тӯтӣ-холае, ки ҳаргиз ба тарафи ман назари эътибор намефиканд, ин дафъа бо табассуми латиф, гарму часпон ҳолпурсӣ карду сари маро гаранг карда монд.
Баъд сарулибоси Шаҳриро афшонда, ба тартиб овард, ин ҳама кам набуд, ки боз сари духтаракро сила карда, аз рӯяш бӯсида “хайр” гуфт.
Он рӯз хушнудии Шаҳрӣ ҳадду канор надошт.
— Тӯтӣ-холаам ҳамин хел нағз! — Шаҳрӣ ба таърифи мураббия ҳеҷ сухан намеёфт. — Шаҳло ман катӣ ҷанг кард.
Тӯтӣ-хола вайя ба кунҷак рост монданд. Ба ман ду стакан ғӯлингоб доданд. Ҷовча нахӯрд, аз они вайро ҳам ба ман...
— Модарат пагоҳӣ афлесунро ба куҷо бурданд? — намедонам барои чӣ аз Шаҳрӣ инро пурсидаму сонӣ аз ин кунҷковии бемаврид, балки беақлонаи худ ботинан изо кашидам, худро маломат кардам.
— Ба Тӯтӣ-хола доданд… Шумо намедонед. Боз себу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё