Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Бед, бародар, шинед-е! Акнун навбати нишастани ману шумо-да, — Сайфиддин-амак дигарбора ба сару рӯи сӯхтагии ӯ назар давонд. Лаҳзае ҳар ду ба чашми якдигар нигариста табассум карданд.
Табассуми марди сӯхтагӣ ҳамчу гуфтораш лабханди оддӣ не, маънидор барин, асрорангез менамуд... Вай ба пой ва
асобағали ҳамроҳаш гаштаю баргашта менигарист.
— Ҳаво ҳам даргирифт-а? — Сайфиддин-амак арақи сару рӯяшро бо рӯмолча пок карду то ки сухане гуфта, дари сӯҳбатро кушояд, ба рӯи ҳамнишинаш нигарист. — Чилу се дараҷа мегӯянд. Чилу се дараҷа дар соя, дар офтоб-чӣ? Хусусан,
дар офтоби Ёвон!
— Ин гармиҳо ҳеҷ гап не, тақсир. Офтоби Вахшро намедонед-чӣ? Вай ҷавоби саволашро мунтазир нашуда, боз пурсид: — Куҷо равонед? Вахш?
— Ҳа, ба Вахш… Пурсидан айб не, сару рӯятонро сӯхта
будед ё?..
— Э, напурсед, тақсир. Зинда монданамонба сад шукр.
— Э-э, дар ҷанг? Мо ҳам, ана як пойро монда омадем, —
Сайфиддин-амак ба пои аз зону болотар буридагиаш ишора
кард. — Дар наздикии…
— Истед, ки кай боз ба чашмам гарм метобеду… — ба
рӯи ҳамсӯҳбаташ зеҳн монда, сухани ӯро бурид марди сӯхтагӣ.
— Агар хато накунам, дар куҷое ман шуморо дидагӣ… Аз
куҷоед?
— А Ёвон. Ёвонием, бародар.
— Дар фронт2-ку якдигара надидаем? Дар куҷоҳо ҷанг
кардед?
— Мо дар фронти Волхуф будем. Ду бор тир зад, як ҳаф-

Фронт – ҷабҳа. Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ солҳои 1939-1945.( аз забони русӣ)

пешина
аз 192
навбатӣ