Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
ҷанг ҳам гушнагира дидем, – гуфт Рашид, – То баҳор се ҳайвони хушалаф мешавем. Аз ғор бароем, мардум одами ёбоӣ гӯён...
– Чӣ хел мебароем?.. Баҳор шудан катӣ барф меравад, аммо ин сангҳо худ аз худ намеҷунбанд-ку? – ҳарчанд ки дар баҳор чӣ хел аз ин ҷо баромаданашонро ҳеҷ кас пешгӯӣ карда натавонистанаш равшан буд, Ҳусейн гаштаю баргашта мепурсид.
– Барфи тарма равад, ягон ҳисобаш ёфт мешавад, – ба вай умедворӣ бахшид Рашид. – Балки барф об шавад, сангҳоро меҷунбонем, ё роғҳош кушода гардад, раҳгузаронро ҷеғ мезанем. Ман кам-кам кофта истодаам-ку.
– То баҳор намурда ист, – гуфт ба ӯ Самеъ.
– Инқадар аз хусуси хӯрок фикр накунед, – маслиҳат дод Рашид. – Агар фикр кунед, бештар азоб мекашед. Беҳтараш ҳаёти гузаштаи худатонро як-як пеши назар биёред, чӣ кори савоб кардед, чӣ хато гузашт, чӣ қадар рӯзҳоятон беҳуда рафт.
Дарозу кӯтоҳии умрро кору амали одам муайян мекунад.
Баъзе одам сӣ сол дар дуньё умр мебинаду дар ёди мардумон мемонад, дигаре навад сол дар дуньё мегардаду беҳуда...
– Реша хоидан катӣ зинда монда мешавад?! – гуфт Ҳусейн бо андӯҳи гарон оҳи сард кашида.
– Мешавад. Одамон дар солҳои ҷанг моҳҳо алаф хӯрдагӣ, нашунидӣ? – гуфт Рашид. – Очаам мегуфтанд, ки зимистон барфа кофта, решаи юнучқаро канда мехӯрдаанд...
– Аҷоиб... Колхоз-ку он солҳо ҳақ намедодаст, дар кӯҳу дашт замини бекор бисьёр, барои худашон гандум ё нахӯд коранд, намешавад? А? – пурсид Самеъ.
– Як бор корида бин! – заҳрханд кард Ҳусейн. – Барои талаву тороҷ кардани замини колхоз... – вай ангуштонашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё