Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
ҳам баъзан намегузаранд. Фельдшериро тамом карда, як ду
сол кор кунам, сонӣ мебинам.
– Ҳусейн, ту ба институт даромаданӣ, албатта, ягон
касат ҳаст-а? – ба Ҳусейн рӯ овард Самеъ.
– Не-е, – аз ҷавоби ошкоро сар кашидани ӯ маълум буд.
– Дар институт ягон касат набошад ҳам, дар ин ҷо ҳаст:
додот мудири ферма... пулдор. Пулат бошад, дар ҷангал шӯрбо, – гуфт Самеъ ҳасадомез.
– Гап-дия.
– Бепул, гумонат бо ҳамин каллаат ба институт медароӣ?
– тамасхур кард Рашид.
– Гапаш рост, чӣ не мегӯӣ? – Самеъ ба Ҳусейн маҷоли
эътироз кардан надод. – Ҳаштума ман барин базӯр кашолаю
пуштора шуда тамом кардӣ. Ҳаққат подабонӣ ё ман барин мошину тракторронӣ. – Сипас ба таъкид гуфт: – Росташа гӯям,
дар байнамон ҳаққу ҳалол ба институт даромада метавонистагӣ – Рашид.
– Боғӣ ҳам бад намехонд, – илова кард Рашид.
– Хайр, вай ҳисоб не. Шӯ мекунаду меравад, – гуфт Самеъ. Сонӣ решаеро хоида-хоида бо азобе фурӯ бурду рӯ турш
карда гуфт: – Дилам беҳузур гашт.
– Дили ман печ додос, – хабар дод Рашид. – Камтар об
хӯрда қай кунам...
– Зӯран чӣ даркор?!
– Ҳар бор дилам печ диҳад, ҳамин усули омӯхтаи очаам
катӣ дуруст мешавам. Дар илми тиб баъзан як дард дарди
дигара мебарад, мегӯянд.
Рост мегӯянд, ки инсон ба ҳар гуна вазъияти нобоб зуд
омӯхта мешавад. Баъзан ҳайвон ба асорат тан надода ҳалок
мешавад, аммо инсон сар мефурораду интизорӣ мекашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё