Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Э, монед ҳамин гапҳои беҳудара!.. – дилтанг шуд Ҳусейн. – Ба ҷои ин гапҳо Худо гӯед, тавба гӯед. – Сонӣ савол кард:
– Аз ҳамин ғор баромадан мешавад ё не? Чашми ман намерасад, – гуфт Ҳусейн бо овози ҳазин.
– Робинзон Крузо ба ҷазираи бекас афтода чӣ хел зиндагӣ кард, ёд дорӣ? – гуфт Рашид, зӯр ба зӯракӣ бошад ҳам, бо овози бардам ва қатъӣ. – Як моҳ ҳеҷ чиз нахӯрӣ ҳам, аз гуруснагӣ намемурӣ! Бовар кун, дар китоб навиштагӣ... Вазъи Робинзон аз мо беҳ набуд. Як худаш – танҳо буд. Ба танҳогӣ тоб овардан мушкил аст.
– Вай мо барин ин хел бандӣ набуд. Шикор мекард, деҳқонӣ мекард. – Дилу бедил ҷавоб дод Ҳусейн.
– Мо ҳам агар кӯшиш кунем, ҳисобаш ёфт мешавад, – Рашид зӯр мезад, ки ба шариконаш дилпурӣ бахшад. – Ҳоло даруни ғорро дуруст кофтуков накардем. Аҷаб не, табар ё теша ёфт шавад. Табар катӣ кам-кам барфу яха бурида сангро шикаста мебаромадем, – вай бо ҳамин хел суханони умедбахш аслан, ба худаш ҳам таскин мебахшид.
– Э-э, табар аз куҷо?! Ба ин ғор ҳеҷ кас намедаромад.
Ягон дигар илоҷи сангшиканӣ нест-а? – бо умед боз пурсид Самеъ.
– Дигар илоҷаш, алав карда тафсонидан. Тафсонию об резӣ, тафсонию об резӣ, санг мекафад. Шеъри Фирдавсӣ будку: «Биноҳои обод гардад хароб, Зи борону аз тобиши офтоб...»
– Ягон илоҷи мешудагира гӯй, – даст афшонд Самеъ бо асабоният.
– Лекин мӯйсафед ҳазор сол пеш гапҳое гуфтаст, ки...
– Муйсафедат кӣ вай? – маънии сухани Рашидро сар-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё