Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

доштанд. Қариб ду соат беҳол ва саргарон хобиданд. Ба онҳо
чунон ҳолате рӯй дода буд, ки чашм кушодан ҳам малол
меомад.
Баъди шустушӯ пушт ба девори сангин қатор нишаста,
ба решахоӣ сар карданд.
– Хоку регаша афшонда ба даҳан бар, Ҳусейн, – решаҳоро ҳарисона ба даҳан задани ӯро дида, таъкид кард Самеъ.
– Худат бохабар шав!.. Тфу, решаи арча будаст, талх.
– Чӣ балое бошад, хӯрдан гир, ба дарун дарояд шуд...
Мардум замони ҷанг дар Ленинград мушу гурбаро хӯрдаанд,
– гуфт Рашид.
– Э, гап-да... Ман мурам ҳам, хӯрда наметавонам, – гуфт
Ҳусейн.
– Мехурӣ, – гуфт Самеъ бепарво чалаппос зада реша
хоида.
– Ҳолӣ гуруснагӣ ба ҷонат нарасондаст. Баъди се рӯзи
дигар нигариста ист, кошкӣ, ягонта муш ё гурба бошад, мегӯӣ.
Боз табъи ҳама мағшуш гашт.
– Наход ки дар ҳамин ғор мурда равем-а? – саволи ҳамешагиашро такрор кард Ҳусейн.
– Кӣ медонад, – маҳзун садо баровард Самеъ. Баъди лаҳзае хомӯшӣ гуфт: – Наход ҳеҷ кас кофта набиёд?
– Мурданд-чӣ, меомадагистанд, – Ҳусейн умедвор буд.
– Хайр, ана омаданд, чӣ медонанд, ки мо дар ин мағзи
кӯҳ? Аҷаб не, аллакай омада, ҳама ҷоро дида, ҷеғ зада, кофта
наёфта, дар таги тарма монданд, гуфта рафтагистанд? – гуфт
Рашид.
– Ҳозир ҳавлии ҳамаамон азохона гӯй, – ба ҳайрат афтод
Самеъ. Маълум набуд, ки вай аз фоҷиаи ба сари модараш афтодагӣ ғамгин аст, ё баръакс – шавқманд.

пешина
аз 192
навбатӣ