Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Ҳусейн.
– Рӯмолча ё шарфатона тар карда, ҳамон катӣ нафас гиред, – маслиҳат дод Рашид.
Аз рӯи гуфти вай амал карданд, аммо дуд торафт ғализтар мешуд. Рашид аз дуди талх нафасгир гардад ҳам, оташро хомӯш кардан намехост – «ягон кас аз берун дудро мебинад»
мегуфт.
– Чӣ мекунем?.. А, Рашид? – Самеъ бо умед ба Рашид рӯ овард. Ҳоло овози вай гирифта, ҳиррос мезад.
– Ба дарунтари ғор меравем... Дигар илоҷ нест... То парешон шудани дуд... – Рашид канда-канда инро гуфту як чӯбчаи хушки даргирифтагиро бардошта равон шуд. Шӯълаи оташ таҳи по ва деворҳои ғорро равшан мекард.
– Мӯл дарун нарав, – хоҳиш кард Ҳусейн.
Рашид ҷавоб надод. Онҳо даҳ-дувоздаҳ метр дарун рафтанду аз тазъиқи дуд андаке халос шуданд.
– Бас, ист! – амр кард Самеъ.
– Алави дастат намурад, – огоҳ кард Ҳусейн паст шудани оташи онро дида. Аммо алав кам-кам хомӯш гашт. Қӯри сурхи онро Рашид ҳарчанд пуф кард, дигар дарнагирифт.
– Агар намемурд, ҷонварата рафта медидем, Ҳусейн, – гуфт Рашид.
– Худат равӣ, ихтиёрат, лекин ман намеравам, – гуфт ӯ дар ҷавоб. – Бе ин ҳам ҳамуна дидан боз дуруст хоб намекунам, дар хобам фақат мурдаҳора мебинам. Ягон кас мурда мондагӣ. Кӣ бошад-а? Агар мурдаи одам набошад, ба хоби ман барои чӣ фақат мурдаҳо медароянд? Балки мо ҳам ҳамин одам барин мурда мемонем... Ҳаёлам ҳеҷ шаб нашаваду хоб накунем.
– Ман ҳам, – гуфт Самеъ. – Дар гӯристон хоб кардагӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё