Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

онҳо рух медод. Аз ҷо бархоста, чор метр он сӯтар рафтан ҳам ҳоло ба назари онҳо заҳмати гарон менамуд. Балки ба ҳамин сабаб Самеъ ва Ҳуейн баъди он қадар дилмонӣ ва ҳақоратҳои авфнопазир зуд бо ҳам оштӣ гашта, зоҳиран чунин ба назар менамуд, ки он дилмониро кайҳо фаромӯш карданд. Аммо Рашид ҳис мекард, ки агар зиндаю саломат аз ин ғор бароянд, дар ҳаёт онҳо бо ҳам кинадор хоҳанд монд. Бесабаб нагуфтаанд – забон лаҳми гӯшт аст... Дар хусуси Самеъ ба ҳамин монанд суханонро пеш аз ин Рашид аз даҳони баъзе ҳамқишлоқиҳо шунида буд, вале Ҳусейн ин таҳқирро ба рӯяш гуфт.
Чаҳор рӯзи дигар аз миён рафту дар ғор дигар решаи хӯрданӣ ҳам намонд. Ҳарчанд, ки онҳо ба сарфакорӣ ҳар рӯз ба сари кас дутогӣ реша ё алафи ғорро тақсим мекарданд ва аксар гуруснагиашонро бо обхӯрӣ қонеъ доштанд, дигар хӯрдание намонд ва баробари он аз тан мадор ва аз дил умедашон рафта буд. Ҳоло ҳар се дар се гӯша хомӯш дароз кашида мехобиданду ҳавсалаи сухангӯӣ ҳам, аз ҷо бархостан ҳам надоштанд. Марг ҳам ба назари онҳо чандон даҳшатнок наменамуд.
– Рафта дидан даркор, дигар чора нест, – гуфт оқибат Рашид аз ҷояш бо азобе бархоста.
– Фоидааш нест, бекора овора шудан чӣ лозим? Аз ҷоям хезам, сарам мегардад,– норозиён ғут-ғут кард Самеъ.
– Балки ягон чизи хӯрданӣ будагист?
– Чӣ чизи хӯрданӣ мешавад? Ҳар чӣ бошад, будагист, аммо хӯрок не. – Сонӣ пайрави суханаш гумону андешаи худро гуфт: – Ман хуб фикр кардам: ё ягон одам мурдагию устухонаш мондагӣ, ё ягон хел ҳайвон мурда гӯшту пӯсташа кирмон хӯрда пашмаш мондагӣ. Дигар чиз не! – қатъӣ ҳукм кард Самеъ.

пешина
аз 192
навбатӣ