Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Ман розӣ. Ку, худат сар кун, – гуфт Самеъ бо шавқ. – Мо ду кас – Мункару Накир. Росташа мегӯӣ! Руст кардагӣ ҳам номард аст.
– Не, ту сар кун,– гуфт Ҳусейн.
– Чӣ метарсӣ? Сар кун.
– Қуръа мепартоем. Рашид, қуръа парто.
– Рашид гӯгирдчӯб барин се чӯбчаро шикаста дар мушташ руст карду нӯги онҳоро ба шариконаш пешниҳод кард.
– Яктааш – дароз, дигараш – миёна, сеюмаш – кӯтоҳ. Ба касе дарозаш расад, ҳамон сар мекунад.
Чӯбчаи дароз ба Ҳусейн афтод.
– Чӣ гӯям, – вай ҳиҷолатзада табассум карду сонӣ оҳиста сухан сар кард: – Баъди тамом кардани мактаб ба институти ҳоҷагии қишлоқ даромаданиам... Хӯш, боз чӣ гӯям?.. – Агроном мешавам. Ба орзу айб не. Мақсадам – одами обрӯманд шудан. Дар идораҳои боло кор мекардагиҳо ҳам мо ба барин одаммонанд-дия. Ман ҳам орзу дорам дар идораҳои калон кор кунам, вазифаҳои баланд гирам... Боз чӣ?
– Кира хуш кардӣ? Гӯй охир, – луқма дод Самеъ.
– Асосан... ҳолӣ ягон духтара хуш накардаам. Рости гап.
Дар район аз духтарони ҳамсинфам яктааш камтар маъқул...
Аммо ҳолӣ гап куҷою кор куҷо! Додом ба бегона розӣ намешаванд... аз афти кор, ягон духтара аз тӯби худамон ба ман номзад мекунанд.
– Кира? Гӯй?
– Надонам. То панҷ сола ягонтоаш ба қад марасад-дия, – хандид Ҳусейн. Аз ҷавоби рӯирост сар тофтани вай аён буд. – ана, тамом. Акнун навбати ту, Самеъ.
– Ман... мебахшӣ, Ҳусейн, “орзу айб не” гуфти-ку, – узромез сухан сар кард Самеъ. – Ман... Анора нағз мебинам, то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё