Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Бо даъвати Рашид онҳо дарро кофта, сангҳоро ҷубондан хостанд, вале ин бор ҳам сангҳои ноҷунбон ҳавсалаи онҳоро пир кард. Ин лаҳза аз дили ҳар яке гузашт, ки агар тарма даҳони ғорро бо рег шағал батамом руст карда бошад, ҳолашон чӣ мешавад. Вале ин андешаи худро ҳеҷ яке аз онҳо ба забон наовард. Фақат Рашид гуфт:
– Сангу барфро чунон шибба задаст, ки...
– Хирс инро кушода метавониста бошад? – бори аввал изҳори шубҳа кард Самеъ.
– Дар гумон... – гуфт Ҳусейн малул бинӣ кашида. – Даҳ хирс бошад ҳам, ҷунбонда наметавонад.
Самеъ боз вадар-вадар ба пурсишу ковиш сар кард, вале Рашид ин дам рағбати гуфтугӯ надошт. Рашид роҳи наҷотро меандешид. Пас аз соате хомӯшӣ чӣ нақшае ба назараш умедбахш ҷилва карду чеҳрааш кушода шуд, ҳатто дар чашмонаш нури шодмонӣ фурӯзон гашт. Ҳусейн тағйири авзои ӯро пай бурду саволомез ба вай нигарист. Аммо Рашид фикрашро изҳор кардан нахост. Сараввал озмуданӣ буд.
– “Нафас гирифтос” мегӯӣ, боз чӣ қадар вақт нафас гирифта хоб мекунад? – пурсид Самеъ. – Кай хирс аз ҷояш мехезад? А, Рашид?
Ба вай касе ҷавоб надод.
– Исқот тезтар мехест, – гуфт Самеъ. Сонӣ чӣ сире ба хотираш расиду хандида ба Рашид рӯ овард: – Хоби ин ҳайвони бефаҳм ҳам, хоби додот барин будаст, Рашид. Ёд дорӣ, як бор аз математика санҷиши хаттӣ буд, то бачаҳо масъалара ҳал кардан дар ҷои шиштагишон хобашон бурд...
– Ҳамту, ғанаб бурдагӣ, – эътироз баён кард Рашид.
– Ман аз тиреза баромада аз дар гашта омадам, надонистанду ҳамту ғанаб кардаанд! – ришханд кард Самеъ. – Пир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё