Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

рист: нигоҳаш чӣ далел дорӣ мегуфт, вале Рашид беэътино ба вай бо кори худ саргарм буд.
Вақтҳои охир Самеъ дар назари Рашид беш аз пеш суғури шикамсерро мемонд: баъзан паҳлу гаштан ва ё чашм кушода ба коре бо диққат нигаристан барои вай гарон буд, вале кампирони шубҳамазор барин маънии гапу корро идрок кунад накунад, ғут-ғут дошт.
– Рашид... Ҳой Рашид... – ҳоло вай хоҳам-нохоҳам садо мекард. – Ун тағои хирсата як бор хабар гир, бо бедор нашуда бошад... Хез, ҷӯра.
Рашид пеш аз он, ки ба даруни ғор равад, лаҳзае чанд гӯш ба қимор истод. Ногаҳон ба гӯшаш садои пасти хиширрос расид. Бархосту дарунтар рафта гӯш дод – хиширроси хирс ва хур-хури он аранг-аранг бошад ҳам, шунаво буд. Вай нӯг-нӯги пой қафо гашта омаду шариконаш огоҳ кард:
– Хирс бедор шудагӣ барин... Аз эҳтиёт ба токчаатон бароед, – гуфт вай беташвиш қӯри ба хокистар гӯр кардагиашро кофта дида.
Самеъ ва Ҳусейн баробар аз ҷояшон парида хестанду ба камари боло баромаданӣ буданд, вале беташвиш истодани Рашидро дида, дудила боз истоданд.
– Ту ба чашмат дидӣ ё таваккал мегӯӣ? – зарда кард Самеъ.
– Чӣ хел ба чашмам бинам?! – гуфт Рашид ҳам бо зарда.
– Наздик рафта нигар худат... Мебинӣ.
– Очата мебинам!.. – тундӣ кард Самеъ ва чашмонашро пиёла барин калон карда ба Рашид ало нигарист. – Ба чашмат надида, чӣ безобита мекунӣ?!
Рашид бо лабони фишурда ва нигоҳи ғазабнок лаҳзае ба чашми Самеъ нигариста ягон сухани сахту сазовор гуфтан

пешина
аз 192
навбатӣ