Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

лашро гӯед, ҳамаи мӯйсафедон ҳамин хел — гоҳ баҳору гоҳ зимистон.
Аммо саркор аз тундиаш зуд пушаймон гашт:
— Ишкел накун гуфтанам сабаб дорад: аспи ишкел еми гург мешавад. Фаҳмидӣ?
Аспҳоро монда омадаму ҳамроҳи саркор як халтагӣ динамитро бардошта ба тарафи кӯҳ рафтем. То пояи кӯҳ қариб дусад метр барин майдони кушод, сонӣ якбора кӯҳи сангин қад афрохта буд. Ман бар дӯш бор, дар даст зоғнӯлу бел агарчӣ бо азобе то ба сари теғаи нахустин баромадам, ба ҳоли Шариф-амак дилам сӯхт. Саркор борашро ба замин гузошта хеле вақт арақи сару гарданашро пок карда, сахт-сахт ноҳамвор нафас гирифта, нишаста монд. Ӯро ҳаргиз дар ин хел вазъи ногувор надида будам. Сӣ кило борро ба баландӣ баровардан! Ин кори осон не! Баландие, ки кислород кам, ҳатто мотор ҳам бо ними қувва кор мекунад.
— Пир шудем, ҷӯра, — гуфт вай маъюс оҳе кашида.
Нигоҳаш ба дур, ба нуқтаи ноаёне гиреҳ хӯрда буд.
Баъди лаҳзае Шариф-амак аз ҷо бархост ва атрофи теппа ва ёнаҳои кӯҳро санҷида омад.
— Ду ҷои тарконданӣ будаст.
— Аз чӣ донистед?
— Геологҳо нишона мондагӣ.
Ман бори аввал ба даст зоғнӯлу каланд гирифта барои динамитгузорӣ чуқурканӣ cap кардам. Ҳаво чандон гарм набошад ҳам, баъди ним соат аз сару рӯям арақ сел барин рехт.
Таслим намегаштам, тамоми қувватамро ба ду дасташ ғун карда ба замини сахти санглох зоғнул мезадам. Ман бори аввал кореро, ки барои иҷрои он фармон гирифта буд, анҷом медодам, ба хастагӣ ва обилаи дастонам нанигариста кор ме-

пешина
аз 192
навбатӣ