Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҳар тараф садои карнаю сурнай, нақораю дойра баланд шуд, гӯштингирӣ оғоз ёфт. Паҳлавонони деҳаи Эраҷ бо паҳлавонони деҳаҳои дигар гӯштин гирифтанд.

Ҳамаи паҳлавонҳои деҳаи Эраҷ мағлуб шуданд.

Пас худи Эраҷ ба майдон баромад.

Паҳлавонӣ деҳаи ҳамсоя дид, ки як навҷавони понздаҳ-шонздаҳсола ба ӯ талабгор шудааст, аз гӯштингирӣ худдорӣ карда гуфт:

-- Ту бача ҳастӣ, бо бачагон гӯштин гир!

Ин гап ба Эраҷ сахт расид.

-- Бачаам ё не, аҳамият надорад, ҳунаратро нишон деҳ! - гуфт Эраҷ ва дасти ҳарифашро гирифта чунон ба тарафи худ кашид, ки вай аз Эраҷ ду-се қадам гузашта рафт. Паҳлавон ҷиддӣ будани ин гӯштинро фаҳмида, ба Эраҷ даровехт. Эраҷ аз миёни ӯ гирифта, ба тарафи худ кашида аз болои сари худ бардошта ба замин гузошт.

Мардум ғирев бардоштанд, каф кӯфтанд. Садои карнаю сурнай баланд шуд.

Бегоҳӣ, вақте ки ид ба охир мерасид, бисёр касон, аз он ҷумла солхӯрдагон пеши Эраҷ омада, ӯро бо ҳунарнамоиҳои ҳайратовараш муборакбод мекарданд.

-- Падарат марди шуҷоъ буд, ту аз вай камӣ надорӣ, - гуфтанд онҳо ва дуо карданд, ки соҳибзафар бошаду ватанро ба душман надиҳад.

Эраҷ ин гапҳоро шунида, бори нахуст дар бораи падараш ҷиддӣ фикр кард.

пешина
аз 44
навбатӣ