Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Ҳама рафтанд ва маро танҳо гузоштанд. Ва ман аз ин ки Туро танҳо дар танҳоӣ бештар ёд меорам, шарм медорам. Аммо метавонам барои рафъи ин гуноҳи бузургам биёям ва дар пеши поят ҷонро нисор кунам. Ва дареғ, ки Ту онро намепазирӣ.
Бовар бикун, ки як рӯз ман ҳам садои ширини Бахтро мешунавам. Оре, чун номи маро ба фаромӯшӣ ба забон меорӣ ва намедонӣ, ки ман ба умеди ин як лаҳзаи бас хуш ҳама умр зистам.
Ман дар ин як хонаи бас сард барои Ту мехоҳам тарона, не, балки нома бинависам. Агарчи медонам ба он нигоҳи бас гарм метавонӣ ҳар нонавиштаеро ҳам бихонӣ.
Мебинам, ба Худо, мебинам, ки ҳама ҳарфҳо зебоянд. Оре, зебоянд, вақте барои ту тарона менависам.
Туро беш аз ҳама гулрухони дигар дӯст медорам. Охир, аз он миён танҳо Ту гуфтӣ, ки дӯстат медорам. Агарчи медонам маро ба ин фиреби бас зебо аввал нодор ва баъд ҷониби марг раҳсипор месозӣ. Ба Худо, ман аз шодӣ ҳама дороиямро нисор мекунам ва ҳамчунон ба хушнудӣ ба истиқболи марг меравам.
Зимистон ҳар сол як бор меҳмони мо мешавад. Оҳ, чаро Ту, эй Ёри дилсарди ман, ба умре ҳам як бор намеоӣ?
Пушти тирезаи хонаи бас баланди ман дар ин як рӯзи сарди сард паррандаи хурди зебое омадаву имдод мехоҳад. Аммо тиреза бастааст. Барои имдоди ин паррандаи хурди зебо бояд шишаи онро бишканем. Оҳ, агар бишканем, ба Худо, он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё