Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Агар бовар надорӣ, ки ман аз ғами Ту дар як рӯзи офтобӣ мемирам, ба абрҳои сиёҳи вуҷуди ман бинигар ва бубин, ки дилам пеш аз чашмам чӣ гуна мегиряд.
Мегуфт: «Агар биноӣ, ба дили ман бинигар, дар он муҳаббати ту аст». Медонист, охир, ки ошиқ кӯр аст.
Медонам, дар дили Ту ҷои муҳаббати ман холӣ нест. Вале онро кӣ аз нафрати ман пур кардааст, бароям маълум нашуд.
Дигар чӣ бигирӣ, чӣ бихандӣ — ҳама яксон аст. Ту бо ман набудӣ, аммо ман аз Ту рафтам.
Дар зимистон дарё бо ҳама сардӣ равон аст, аммо ором.
Дар баҳор бо ҳама гармӣ аммо дарё шӯр меафтад, ба фарёд меояд.
Оҳ, чаро намефаҳмам, ки он Ёр бояд ҳама умр дилсард биёяд?
Сафаре маро дар пеш аст, як сафари дуру дароз.
Ин бор он бевафо Ёрам бо ман намеояд. Агарчӣ инро ба хубӣ медонам, аз ранҷи сафар сухан мекунам. Мехоҳам ҳам умед бубандаду шод шавад, ки аз ин сафар дигар намеоям.
Ҳаво сард аст, аммо сардии он ба ман асар надорад, — мегӯям ба Ту.
Ва ту аз дили сарди худ меандешию мегӯӣ: «Ҳеҷ бовар надорам, ба Худо, ҳеҷ бовар надорам».
Ва чӣ сон, охир, бовар кунӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё