Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Ва чаро ман ба бадбахтии Ту намегирям, намедонам, эй Ёр.
Аммо мебинам, ки аз ин ҳазор якеро надорӣ ва он як дар ин шумор нест.
Метарсидӣ, ки маро — як ошиқи бадбахти худро аз даст медиҳӣ. Ҳолӣ ки аз даст додай, на сари тарс дорӣ, на андак андӯҳгин менамой. Ва чаро ба хотири ин дастоварди бузургат гулеро ба шодмонӣ аз боғ намеканӣ ва намебӯй?
Ба фиреб гуфтӣ, ки дӯстат медорам. Дидӣ, эй дилсардтарин Ёри ҷаҳон, дар фиреби Худо задӣ ва ҳеҷ кас Туро дигар ба фиреб ҳам намегӯяд, ки дӯстат медорам?
Хушбахтӣ як рӯзи боронӣ меояд ва мегӯяд: «Гулҳо рустаанд ва он Ёр ба сайри гул мебарояд». Аммо ӯро ман он замон на мебинам, на мешунавам.
Пас аз ин сардии ҳаво гармӣ меояд. Оре, пас аз зимистон баҳор. Пас аз сардии дилии Ту аммо гармӣ намеояд. Ва чӣ бадбахтӣ Ту, ки бо баҳор ҳеҷ ошно намешавӣ.
Биноз, бо ҳазор ошиқи худ биноз. Ва ҳам худро хушбахт бигумор.
Ба пирӣ агар дарнаёбӣ, ки ишқ чист, ба оташи фурӯзони берун аз хонаи бас сардат ба ҳасрат менигарӣ.
Дунё ба зебоӣ менозад, дар ҳоле намедонад, ки зебоӣ чист ва кадом аст. Ва чаро Ту ба тақлиди дунё мехоҳӣ маро бифишебӣ?
Мегӯӣ: «Пур доноӣ».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё