Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Ман имшаб ба шохаҳои пурбарфи дарахтон нигаристам ва бе Ту ҳеҷ умед набастам, ки як рӯз офтобӣ мешавад ва баҳор меояд.
Чаро дил ба оина бастӣ? Ба Ту он ҳақиқатро намегӯяд, ки ман мегӯям. Оре, зебоӣ ва зеботар аз Ту касе нест.
Сухани оина аз зебоӣ аст, аз зебоии Ту, аммо аз зебоии зоҳир. Бечора ин қудратро, ин чашмро надорад, ки аз зебоии ботинат низ ҳикоят бикунад.
Охир омадӣ. Омадӣ ба кулбаи фақиронаи ман, чун Бахт. Агар, эй Бахт, ба имдодам бирасӣ, мегӯям, ки Туро Худо овард ва бо шукри ин як омадан ин як нимаҷонамро низ бароят мебахшам.
Ба хонаи ин як бадбахти ошиқи худ рӯшанӣ овардӣ. Ва дидӣ, он қадар оҷизам, ки наметавонам шукрашро ба ҷо биёрам?
Бароят бахт хостанд. Ва надонистанд, ки он бахт Ту худ ҳастӣ. Бояд Туро барои ман мехостанд.
Мегуфтӣ: «Ба кулбаи ту ҳеҷ гоҳ Бахт қадам ранҷа намефармояд».
Ва, ба ростӣ, намедонистӣ, он бахт Ту худ ҳастӣ? Агар медонистӣ, чаро хонаам қадам ранҷа фармудӣ ва як шаби бемоҳу ситораро дар хиҷолат мондӣ? Аз шарми офтобат то ба қиёмат дигар рух наменамоянд.
Агар медонистӣ, он бахт Ту худ ҳастӣ, чаро нагуфтӣ? Пиндоштӣ, ки ошиқ кӯр асту ҳеҷ гоҳ онро намешиносад?
Аз он ки гуфтӣ: «Ба кулбаи ту ҳеҷ гоҳ Бахт қадам ранҷа намефармояд»-у ранҷа фармудӣ, бояд ҳам ҳеҷ гоҳ аз ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё