Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
дод ва зиндагиро дар ҳиҷолат гузошт. Агар бад-ин баҳона, маро, эй Зиндагии ман, аз дидори зебои худ маҳрум месозӣ, бидон, ки ба ман низ мардум барои умре видоъ мекунанд, аммо ҳеҷ касро дар ҳиҷолат намегузорам.
Миёни мардум ончунон аз Ту ёд овардам, ки ҳеҷ кас дарнаёфт, ки ба дилдодагӣ номатро бурдаму зикратро намудам. Аммо чун тавсифат карданду ҳама сухан аз Ту гуфтанд, аз рашк дар пушти танҳои ниҳон шудам.
Ин замон ин зани бас зебо ба ман мегӯяд: «Ба Худо, навиштаҳои туро хондам. Ҳама аз ишқанд, аз меҳранд, аз муҳаббатанд. Агар мехоҳӣ он Ёр дӯстат бидорад ва бароят ҷон нисор кунад, ҳеҷ гоҳ аз дилдодагӣ сухан макун».
Ман ба чашмони шаҳлояш ва ҳусни дилбарояш менигарам ва пеши зебоӣ оҷиз меояму намегӯям, ки: «Охир, он Ёр на маро мехоҳад, на ин навиштаҳоро. Ва дар ҳеҷ ҳолат ҳам дӯстам нахоҳад дошт». Ва ин зани зебо сухани нагуфтаи маро аз нигоҳам мехонад ва бо овози пур аз ҳузн мегӯяд: «Агар дили худро аз Ӯ бозпас бигирӣ ва ба ман бидиҳӣ, савганд ба оламу ҳар чӣ дар он ҳаст, Туро ба ҷону дил дӯст хоҳам дошт ва ҳама дороиямро пешат хоҳам гузошт». Аммо ман метавонистам, чун он мурғак, ки дар қафаси зебои тиллоӣ аст, аз қайди ишқи он Ёри ягона бираҳам? Ва ҳам дил матое нест, ки ҳар рӯз ба ҳар касаш бидиҳӣ.
Гуфтӣ: «Эй ошиқи бадбахт, имрӯз ба он кулбаи фақиронаи ту хоҳам омад ва маро дигар Ёри дилсард махон».
Гуфтӣ, аммо наёмади. Агарчӣ аз ин ман хун аз дидагон рехтам, аммо офтоби зимистони бас сард дар ҳиҷолат монд. Ва ҳам дидам, ки рӯи рӯз аз ин як дурӯғат сиёҳ шуд. Ба ин ҳама дигар Туро Ёри дилсард нахондам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё