Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз шабҳои бас сарду рухи зарду рӯзгори талх ба ман ҳикоят кард. Ва баъд ҳамаро насибам намуду бо амр гуфт: «Ба шукрона то рӯзи қиёмат шод бош!»

Чӣ сон, эй духтарак, ту худро мисоли Ёрам оростӣ ва чун Ӯ гуфтӣ: «Ба ҷуз ман касеро дӯст мадор ва дар дили ту бояд танҳо ҷои ман бошад?»
Ва чаро ман пиндоштам, ки ту Ӯй?
Бигӯ, охир, бигӯ, охир, ки Ӯ туро фармуд.
Агар нагӯй, дармеёбам, марги маро хостай.
Ва бигӯ, аз марги ман ту шод мешавӣ ё Ӯ?

Ҳавои хона сард аст. Оҳ, ҳавои берун низ гарм нест.

Гуфтӣ, маро ҳазор ёр аст. Ва ҳамаро ном бурдӣ. Оҳ, Ёр як аст, аммо дареғ, на номашро медонӣ, на Ӯро мешиносӣ.

Чароғи фурӯзони муҳаббатро аз хонаи дили ман бурдӣ, аммо бад-он гӯшаеро рӯшан накардӣ.

Туй, ки мехоҳӣ, рози муҳаббатро бароят бигӯям? Магар на он роз Ту худ астӣ? Ва магар на Ту худ амрам кардай, ки розро ниҳон дорам? Агар мехоҳӣ маро дар ин роҳ расво бинамой, ба Худо, дар ишқи Ту аз расвой наметарсам. Аммо ҳазор роҳ аст, ки ҳатто ба яке аз он метавонӣ бад-ин мақсад, ки дорӣ, бирасӣ. Ё аз ман дар роҳи муҳаббати Ту хатое рафт? Ва чаро ҳазор хатои ин як навсафарро ба як лутф набахшӣ?

Чаро имрӯз маро озудӣ? Ду-се гоме дар роҳи меҳри Ту нанҳодам, охир. Агар мехоҳӣ маро ба манзил нарасонӣ, аз чӣ овозам додӣ ва аз хоб бедорам намудӣ?

пешина
аз 210
навбатӣ