Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Хоб ин бор дар нимашаб аз хонаи мо рафт. Ва чаро ӯро ҳеҷ кас боз надошт? Бояд меистод. Меистод ва медид, ки бо омадани Ёр бедорӣ ҳам шод аст ва дар базми мо бо оҳанги ҳастӣ ба ҷовидонагӣ мерақсад.

Танҳо имшаб, ки як шаби бас зебо буд, дарёфтам ҳама олам бедор аст. Ва чаро хоб дар ин ҳазор сол роҳи маро барои омадани он Ёри ягона мебаст, надонистам. Ба Худо, ман наметавонам сазои ӯро бидиҳам, аммо медонам замоне маро дар канори ҷонон меёбад, бо пушаймонӣ об аз дидагон мерезад.

Бо омадани Ту, эй шаб, эй шаби зебо, мо ҳазор сол мехуфтем. Ба Худо, агар бад-ин дилрабоӣ рӯзе туро дармеёфтем, хонаҳоро ба шодӣ барои ташрифат меоростем ва бедориро дар ин базм ба рақс меовардем. Ва сурудро бо оҳанги ҷовидонагӣ ҷуз мо касе дигар намехонд.

Эй шаб, шаби зебое, ки дар зимистон омадай, ба Худо, баҳор овардай. Ва ман аз чеҳраи дилкаши баҳор басо рӯшан мехонам, ки фасли мубораки гулҳо бо он офтоби дурахшон дигар ҳеҷ гоҳ аз хонаи мо раҳти сафар намебандад.

Савганд ба гармиҳои як нафаси муҳаббат, ки ин шабро, эй Ёр, дӯст доштам. Куртаи сабзи зебои Туро дар тан дошт. Ва зебоӣ бо ҷовидонагӣ ба ӯ рашк мебурданд. Ва ман медидам офтоб ҳам он қудратро дар худ намеёфт, ки тулӯъ кунад.

Кӯдаки нозпарвари ман рӯи зебои туро, эй шаб, шаби дилрабо, дид. Ба покии дили ӯ савганд мехӯрам, ки муҳаббат пас аз ин ҳама дарҳоро ба рӯи мо мекушояд ва мо ҷони гиромиро

пешина
аз 210
навбатӣ