Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Фарёде бароварда бо дастони сафеду борики худ аз гардани ҷавон оғӯш карда, сарашро ба синаи ӯ гузошт.
— Бигӯ, ки ин аспҳоро чӣ тавр гирифтӣ? — пурсид ӯ.
— Соҳибонашонро кушта, аспонашонро гирифтам, — бо ифтихор гуфт Хаймар-ӯгул.
Онҳо якҷоя ба қаср баргаштанд. Хӯрок хӯрданд, дам гирифтанд, суҳбат карданд, вале гапи онҳо охир надошт. Хаймар-ӯгул се рӯз дар қаср истоду рӯзи чорум гуфт:
— Ман панҷ бародар дорам. Онҳоро ба ин ҷо меорам. Охир онҳо зан надоранд.
Вай ба аспи Сидис-Шокар савор шуда, аспҳои дигарро ҳамроҳаш бурд ва ба бешазор роҳ гирифт.
Бародарони калонӣ дар гирди гулхан гуруснаву хашмгин менишастанд; онҳо ҳамаи он гӯштеро, ки бародарашон захира карда буд, хӯрда тамом карда буданд. Хаймар-ӯгул саргузаштҳояшро ҳикоя карда, аспҳоро ба онҳо дод ва онҳо ба назди ҳафт духтари нозанин равон шуданд.
Хаймар-ӯгул духтари дар юрти сиёҳи охирин бударо ошпази худ тайин карда, духтарони дигарро ба бародаронаш ба занӣ дод. Онҳо дар ҳамин овул зиндагӣ ба сар бурданд. Бародари хурдӣ ба шикор рафта барои акаҳояш гӯшт меовард. Як рӯз, вақте ки Хаймар-ӯгул дар шикор буд, бародаронаш ба гирди дастурхон ҷамъ омаданд ва бародари калонӣ гуфт:
— Бародари хурдии мо мағруру ҳавобаланд шудааст. Вай дар қасри сафед зиндагӣ мекунад!
— Вай ошпаз дораду мо не! — тарафдорӣ кард дигаре.
— Вай духтари аз ҳама хушрӯро худаш гирифта, безебҳояро ба мо дод, — илова кард сеюмӣ.
— Вай ба мо фармонфармоӣ мекунад, гӯё бародари калонӣ ӯ бошад, — зикр кард чорумӣ.
— Ба вай одоб ёд додан даркор, — дод зад панҷумӣ.
— Ҳа, адабашро додан даркор, — гуфт бародари калонӣ. — Мо пойҳояшро бурида, ӯро дар ин ҷо, дар миёни дашти зард партофта, худамон ба он тарафи шаш дарёву ҳафт ағба кӯчида меравем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё