Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
- Рангаш кабуд, аз дур ба гов монанд, вақте ки наздик меояд, аз ду тарафи гарданаш ёли сиёҳ намоён мешавад.
Хаймар-ӯгул дид, ки ба сӯи онҳо гови кабуде тохта меояд.
Аммо вай ба нобино чизе нагуфта, санги сафедашро ба даст гирифт. Он дев чорхеззанон меомад, хеле зуд наздик мешуд.
Ёли сиёҳи ба ду тараф парешонаш ва баъдтар тани пурмӯйи ба тани хирс монандаш аллакай намудор шуда буд.
-
Чӣ ҳоло ҳам наменамояд? - пурсид нобино.
-
Не, даракаш нест, — ҷавоб дод ҷавони ҷасур ва ҳамин вақт даст ёзонид.
Ана, дев тамоман наздик омад! Хаймар-ӯгул санги сафедро ҳаво дода, бо санг сари ӯро сӯрох кард.
- Ана дев! - гуфт ӯ.
Нобино ларзида ақиб гашт.
- Шитоб накун, дев мурд, — бо лабханд илова намуд Хаймар-ӯгул.
Нобино бовар накарда, деви кушташударо даст-даст карда дид.
- Маълум мешавад, ки ман чашм меёфаму ту пой ва рафиқи мо соҳиби даст мешавад! — хурсандона гуфт ӯ.
Шахси бедаст ҳам расида омад. Ба деви мурда бо тарсу ҳарос нигоҳ карда пурсид:
-
Наход, ки дӯсти мо бо ҳамон сангчаи сафеди худ девро кушта бошад?
-
Ҳа, - ҷавоб дод нобино, — девро бо ҳамин сангча зада кушт. Ту бошӣ, тарсидӣ. Куҷо рафтӣ? Хайр, майлаш. Биёед,
ба назди ҳакими доно меравем. Вай моро сиҳат мекунад.
Онҳо ба хура даромаданд. Мардум онҳоро ҳамчун қаҳрамонҳо пешвоз гирифтанд. Ҳама ба Хаймар-ӯгули бепой таъзим мекард.
- Ту моро аз деви даҳшатнок наҷот додӣ. Касе, ки аз девори хура берун мебаромад, луқмаи ӯ мешуд, — гуфтанд одамон. — Офарин ба ту!
Мардум он се рафиқро ба аробаи шашчарха, ки ба шаш асп
баста шуда буд, шинонда ба назди ҳакими донишманд
бурданд. Ҳаким онҳоро сиҳат кард. Нобино бино шуд, бедаст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё