Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Як нӯгашро ба гӯшаи осмон баста, нӯги дигарашро ба замин сар додам. Баъд ба воситаи он ресмон ба замин фуромадан гирифтам. Ресмон хеле дароз бошад ҳам, боз ба замин нарасид. Ман тарсидам, ки худро аз он ҷо партоям. Чӣ бояд кард? Вале ман хеле зирак будам. Дидам, ки дар поён як деҳқон ҷав бод карда истодааст. Коҳаш бошад, ба осмон мепарад. Ман коҳро дошта, арғамчин тофтан гирифтам. Ногоҳ шамоли сахте хеста, маро ба ин тарафу он тараф алвонч дод: ман худамро гоҳ дар болои Питер медидаму гоҳ дар болои Москва. Арғамчин канда шуду ман ба ботлоке, ба болои ҷули қурбоққа афтидам. Фақат сарам берун монда буду халос. Мурғобие дар сарам лона монда тухм гузошт, баъд ҷӯҷа баровард. Ман бошам, бепарвоёна ба ин сӯву он сӯ нигоҳ мекардам. Гурги хокистарранге омада мургӯбибачаҳоро хӯрда рафт. «Дафъаи дигар мургӯбиро ки хӯрдам, лонаро канда мепартоям!», – гуфт гург. Ман интизор шудам, ҳамин ки гург барои хӯрдани мургӯби омад, зуд думашро қапидам! Ҳамин ки «Аҳаху!» гӯён дод задам, гург як хез зада маро ҳам аз ботлоқ кашида баровард. Гапам рост, бобо?

– Ҳамаш рост, нури чашмонам.

«О, мӯйсафеде, – аз дил мегузаронад Иван, – туро бо ҳеҷ роҳ ба даст дароварда намешавад-а. Хайр, давомашро гӯш кун». Ва давом дод:

– Гург маро аз ботлоқ кашида баровард, ман хеле гушна будам. Қарор додам, ки сайде ба даст дарорам. Дидам, ки дар шохи дарахти булут як тазарв шиштааст. Милтиқҷаамро рост карда нишон гирифтам, вале дидам, ки чақмоқсанг нест. Агар барои чақмоқсанг ба шаҳр равам, тазарв парида меравад – то шаҳр даҳ чақирим роҳ аст. Чӣ кор кунам? Ғарқи фикр рафта истода будам, ки ногоҳ пешонаам таракқос ба дарахте бархӯрд. Аз чашмам шарора парид. Як шарора ба борутдони милтиқ афтиду борут даргирифт. Тир парида тазарвро зада афтонд. Тазарв ба болои харгӯш афтида будааст. Харгӯш аз тарс ҷаҳида, чанд ҷонвари дигареро беҷон кард. Ман

1 Питер - Петербург

пешина
аз 200
навбатӣ