Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Мӯйсафед ба роҳ баромад.

Инак, ӯ ба мулки Земешчихон расид. Хон ӯро аз дур дида, ба дарбориёнаш гуфт:

– Ин хони ношинос кӣ бошад, ки ба тарафи мо меояд? Ба пешвозаш баромада ӯро бо эҳтиром чун хон пешвоз гиред.

Пирамардро ба қаср оварданд ва ба рӯи тахти ҳаштпояи аз чӯби сандал сохташуда шинонданд.

Пирамард ба тахт нишаст. Земешчихон ӯро бо нуқлу наво зиёфат дода, баъд пурсид:

– Шумо аз куҷо омадед, хони азиз, хонигарии шумо чӣ ном дорад?

– Ман Эрдни – хони Хонигарии Худ ба худ пайдошудаам.

«То ҳол дар рӯи замин ин хел хону хонигарӣ набуд. Маълум, ки обрӯ ва қувваи бисёре дорад, зеро бо ман ин хел бо ҷасорат гап мезанад», – аз дил мегузаронад Земешчихон. Баъд ӯ гуфт:

– Нияти сафари куҷо доред, Эрднихон?

– Ман ба назди Шумо омадаам, Земешчихо. Мехоҳам духтаратонро ба писарам хостгорӣ кунам. Ҳар шарте ки доред, розӣ ҳастам.

Земешчихон суханони ӯро гӯш карда гуфт:

– Гуфти шумо шавад. Ман гуфтанӣ нестам, ки Эрдни – хони Хонигарии Худ ба худ пайдошуда ба хостгории духтари ман намеарзад. Ман намегӯям, ки писари Шумо ба домодии ман лоиқ нест. Агар Шумо ҳамаи шартҳои маро ба ҷо оред, пас ман бовар мекунам, ки Шумо дар ҳақиқат Эрдни – хони Хонигарии Худ ба худ пайдошуда ҳастед.

– Ман ҳамаи шартҳоятонро иҷро мекунам, – гуфт пирамард, – гӯшам ба шумо.

– Дар як шаб, – гуфт Земешчихон, – аз қасри ман то қасри худатон аз тиллои холис роҳ созед. Бояд дар тарафи чапи баромадгоҳи қасри ман ҳавзи тиллоие бошад, ки дар он моҳиҳои нуқрагун шино кунанд. Аз назди дашт ва регзори равон дарёи калоне ҷорӣ гардад, ки дар оби вай ҳамаи навъҳои моҳиҳои дунё шино кунанд. Дар соҳилҳои дарё бояд

пешина
аз 200
навбатӣ