Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
— Бисёр бойбачаҳо ба ман хостгор фиристоданд, вале ман розӣ нашудам. Ман ҳис мекардам, ки қисмати ғайриоддие маро мунтазир аст. Мо тасодуфан ба ҳам вонахӯрдем. Қисмат моро ба ҳам рӯ ба рӯ кард. Агар ту хостгорӣ кунӣ, ман розӣ мешавам. Ту кистӣ? Аз куҷо меоӣ?
Ҷавон ҷавоб дод:
— Номи ман Хулан. Аз кӯҳ фуромадам. Ман туро хуш кардам.
— Хулани азиз, хостгор фиристон, ман ҳамсари ту мешавам, — гуфт Суйсин.
Дере нагузашта онҳо хонадор шуданд.
Ду соли аввал хушу хурсандона зиндагӣ мекарданд. Соҳиби ду фарзанд шуданд — як писарча ва як духтарча. Ба ҳаёти хушбахтонаи Суйсин ҳеҷ чиз халал намерасонид. Вале боре пай бурд, ки шавҳараш шабҳо ғайб зада, қарибиҳои саҳар бармегардад. Хулан хеле хаста бармегашту ба ҷоғаҳ дароз кашида мегуфт:
— Суйсин, байни дандонҳоямро коб, гӯштпораҳо дармондаанд. — Вай даҳонашро, ки дандонҳои калони сафед дошт, во мекард. Суйсин ба ҳайрат меояд, чунки гӯштпораҳо хом буданд. «Мумкин шавҳарам ҷин ё дев бошад?» — аз дил мегузаронид ӯ. Ва қарор дод, ки аз қафояш поида ин сирро фаҳмад.
Нисфи шаб Хулан аз ҷояш хеста ба боғ баромад. Суйсин оҳиста аз қафои ӯ рафта дид, ки Хулан ба назди девори куҳна омада аз тарқиши девор пӯсти бабреро гирифта онро пӯшид ва ба замин ғелида, ногоҳ ба як бабри калони сафед табдил ёфт. Бабр чобукона аз болои девор ҷаҳида гузашт у нопадид гардид.
«Ана, қисмати ғайриоддии ман, — аз дил гузаронид Суйсини бечора. — Ана шавҳари ман кӣ будааст: бабри сафед, шоҳи бабрҳо. Ӯ ба сурати одам ба назди ман омада будааст... Чӣ кор кунам?... Пӯсташро пинҳон кардан лозим, бигузор ҳамеша дар сурати одам мондан гирад».
Ӯ шабро дар боғ гузаронид. Ҳамин ки субҳ дамид, бабр низ пайдо шуд. Вай ба замин ғел зада пӯсти бабрро аз худ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё