Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

шоҳии хокистарранг дошт, ки зеҳакаш маҳмалин буд. Дар миёнбанди ӯ шаш мор ба ҳам печида буданд. Дар зини ӯ шаш сари одам аз кокулҳояшон овезон буданд. Сари ӯ аз шаш сари гов иборат буда, дар ҷое, ки сарҳо ба ҳам пайваст мешуданд, ба мисли деви дигар як чашми калони равшан медурахшид.

Аспи чорум — саманд резачорпо мерафт. Саворааш ҷомаи зарди шоҳӣ дошт, ки зеҳакаш аз чарми ошдодашуда буд. Дар миёнаш панҷ мор бо ҳам печида буданд. Дар зинаш панҷ сари одам аз кокулҳояшон овезон буданд. Сари ӯ аз панҷ сари гов иборат буд. Дар он ҷое, ки сарҳо ба ҳам пайваст мешуданд, як чашми калони зард медурахшид.

Аспи панҷум — алобуло ҷастухезкунон роҳ мерафт. Савораи ин асп ҷомаи кабуди зеҳаш шоҳӣ дошт. Дар миёни ӯ чор мор ба ҳам печида буданд. Дар сари зинаш чор сари одам аз кокулҳояшон овезон буданд. Сараш аз чор сари гов иборат буд. Дар он ҷое, ки сарҳо ба ҳам пайваст мешуданд, як чашми калони сурх медурахшид.

Аспи шашум — турук лӯкка мерафт. Савор ҷомаи кӯтоҳи зард дошт. Дар миёнаш се мор ба ҳам печида буд. Дар қоши зинаш се сари одам аз кокулҳояшон баста шуда буданд. Сараш аз се сари гов иборат буда, шоҳҳои дароз дошт. Дар ҷое, ки сарҳо ба ҳам пайваст мешуданд, як чашми сурх медурахшид.

Аспи ҳафтум — кабуд ҳиромон роҳ мерафт. Савораи охирин ҷомаи даридаи шоҳӣ дошт. Дар миёнбанди ӯ ду мор ба ҳам печида буданд ва дар қоши зинаш ду сари одам аз кокулҳояшон овезон буданд. Сари ӯ аз ду сари гов иборат буда, ду чашм дошт...

Хаймар-ӯгул дар чуқурӣ мехобиду аз тарс намеҷунбид. Вале баногоҳ санги лӯндаи сафедро ба хотир оварда, далертар шуд. Саворҳо ба назди ҳайкалҳои сиёҳ омада, сарҳои одамҳоро аз зинҳошон кушода ба ҳайкалҳо овехтанд, баъд саф кашида ба онҳо таъзим карданд. Деви ҳаштсара ба Хаймар-ӯгул наздиктар меистод. Ҷавон сари ӯро нишон гирифта сангро ҳаво дод. Санги сафед ҳамаи ҳашт сари деви якум, ҳафт сари деви дуюмро зада, баъд ҳамаи сарҳои

пешина
аз 200
навбатӣ