Зеҳн
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Ҳамаи ин ганҷинаҳову чизҳои қиматбаҳои мо дар пеши фарзандони ту бортӯдаанду халос.
Ман ба ту ҳасад мебарам. Ганҷинаи қиматтарини Ҷопон –
фарзанд дар дасти ту аст. Ту ғалаба кардӣ. Мукофоти аввалро ту мегирӣ. Табрик мекунам! Муборак бошад!
Хизматгорони дигар сухани подшоҳро шунида, сарашонро хам карданд ва чанд дақиқа онро набардоштанд.

ГОМБЕЙ САЙЁДИ ПАРАНДАҲО
Дар шимоли Ҷопон, дар ҷазираи Ҳоккайдо, дар деҳаи Инаги, деҳқоне бо номи Гомбэй зиндагӣ мекард. Вай на падар дошт, на модар, на бародар ва на хоҳар. Ӯ замин ҳам надошт. Вай дар канори деҳа, дар кулбачаи хурдакаке зиндагӣ мекард ва мурғобиҳои ваҳширо сайд менамуд.
Гомбэй ҳар рӯз пеш аз дамидани субҳ мехест ва ба назди кӯли наздики деҳа рафта, домҳои аз навдаи бед сохтаашро ба об андохта, вақти зиёде интизор мешуд ва мурғобӣ шикор мекард. Ҳар рӯз вай ду ё се мурғобӣ шикор мекард. Рӯзҳое ҳам буданд, ки вай як мурғобӣ шикор мекард ва рӯзҳое ҳатто ягонто ҳам ба домаш намеафтид.
Рӯзҳои авали баҳор буд. Гомбэй се рӯз пайи ҳам яктогӣ мурғобӣ шикор кард. Рӯзи сеюм аз шикор ба хона баргашта, андеша намуд:
«Ҳар рӯз бо се дом аз субҳ то шом даруни об мегардам, вале буду шуд як мурғобӣ мегирам. Пагоҳ ҳам субҳдам ба шикор рафта, дар соҳил хунук мехӯрам. Агар дар об сад дом монам чӣ мешуда бошад? Шояд ҳамон миқдор шикор мекунам, ки дар як моҳ ба ман муяссар мешавад ва як моҳи дароз дар хона гарм шуда, мешинам».
Гомбэй рӯзи дигар ба ҳеҷ куҷо нарафта, аз навдаҳои бед ба домбофӣ сар кард.
То бегоҳ сад дом бофта, ба кӯл андохт ва худаш ба хонааш хобкунӣ рафт.

пешина
аз 29
навбатӣ