Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аммо баровардани хулосаи ниҳоиро оид ба масъалаи мазкур ба зиммаи олимону муаррихон мегузорад ва ҳамзамон таъкид менамояд, ки омили асосии нуфуз ёфтани юнониҳоро дар Бохтар на дар волоияти тамаддуну давлатдории эллинӣ, «балки дар густариши тиҷорат, пешрафти робитаҳои иқтисодӣ ва мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани Роҳи Бузурги Абрешим бояд ҷуст».
Боби чаҳоруми китоби дуввум ба таҳлили таърихи ҳокимиятдории силсилаи турониён ва эҳёи давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар ин бахш бештар ба таъсисёбӣ ва ташаккули давлатдории хонадонҳои ҳукмрони ориёии туронӣ, пеш аз ҳама Портҳо, Кушониён ва Ҳайтолиён таваҷҷуҳ намуда, онро давраи азнав эҳёшавии давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ меномад.
Дар фаслҳои алоҳидаи боби чоруми китоби дуввум диққати Сарвари давлатро масъалаҳои эҳёи тамаддуни ориёӣ ва коҳиш ёфтани нуфузи эллиниҳо дар давраи ҳокимиятдории хонадони Ашкониёни Порт ва мақоми сулолаи Кушониён дар рушд ва такомули минбаъдаи давлатдории аҷдодии тоҷикон ба худ ҷалб сохтааст. Бояд таъкид намуд, ки дар рафти таҳлили масоили мазкур низ ягон мушкилоти илмии дар таърихшиносии муосир ҷой дошта, аз мадди назари муаллиф берун намондаааст.
«Давлати Ашкониёни Порт, - хулоса намудааст муаллиф, - дар ҳамсоякишвари давлати юнониасоси Бохтар ва канорҳои Суғду Фарғона қомат афрохта, дар тўли панҷ аср яке аз тавонотарин давлатҳои аҳди қадим буд, ба эҳёи тамаддуни ориёӣ ва рушду нумўи фарҳанги ниёгони тоҷикон мусоидат кардааст». Яке аз беназиртарин дастоварди Ашкониён поягузории забон ва адабиёти паҳлавӣ мебошад, ки чун мероси муштарики қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла, тоҷикон эътироф шудааст.

пешина
аз 142
навбатӣ