Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Греков низ дар такя ба санаду далелҳои қавӣ ва маъхазҳои дастиаввал дар асарҳои худ инъикос намудаанд. Аммо хулосаи ҷамъбастии шарқшиноси шинохта академик В.В. Бартолд доир ба оқибати истилои муғул бар хилофи мавқеи таърихнигории шўравӣ буд ва консепсияи ў то ҳадди муайяне ба асарҳои муаррихони солҳои 20-30-юми асри XX шўравӣ таъсири худро гузошт.
Аз ҷумла, муҳаққиқи шинохта А.Ю. Якубовский, ки дар ибтидо зери таъсири ҳамин консепсия буд, солҳои 30-юми асри гузашта доир ба вазъи асрҳои XIII -XIV менависад:
«Қувваҳои истеҳсолкунанда (пас аз истилои муғул- Н.У.) дар Шарқи мусулмонӣ ба садамаи муваққатӣ дучор омаданд. Таърихи минбаъдаи Осиёи Миёна, Эрон, қисман Кавказ ва Аврупои ҷанубу шарқӣ аз рушди қувваҳои истеҳсолкунанда шаҳодат медиҳанд». Аммо баъдан А.Ю.
Якубовский аз таъсири ин консепсия берун шуда, менависад, ки В.В. Бартолд «то охири умр пурра дар зери таъсири муболиғаомезонаи нақши таъсири фарҳанг» қарор дошт. А.М. Беленитский низ нуқтаи назари академик В. Бартолдро доир ба истило ва давраи ҳукмронии муғулҳо комилан рад менамояд.
Ҳамин тариқ мавқеи В. Бартолдро, ки оқибати фоҷиабори истилои муғулро камтар аз будаш тасвир намуда, нақши империяи чингизиёнро дар рушди роҳҳои тиҷоратӣ ва алоқаи фарҳангии халқҳои минтақаҳои истилошуда аз будаш баландтар нишон додааст, мактаби таърихнигории шўравӣ комилан қабул накардааст. Ин нуқтаи назарро муаллифони асари бунёдии чопи кўҳна ва нави «Таърихи халқи тоҷик» низ зери танқиди ҷиддӣ гирифтаанд. Академик Б. Ғафуров гарчанде бевосита ба ин нуқтаи назари В.Бартолд эрод нагирифта бошад ҳам, дар маркази консепсияи таҳлили худ ҳаводиси фоҷеабор ва ниҳоят мусибатовар будани истилои муғулро гузоштааст.

пешина
аз 142
навбатӣ