МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар маҷмуъ академик Б. Ғафуров бархилофи нуқтаи назари В.В. Бартолд ва дигар муҳаққиқон, ки ба истилои муғул ва ҳукмронии хонадони муғулӣ бо таваҷҷуҳ нигоҳ мекунанд, ҷавоби қатъӣ дода, менависад, ки ҳатто «дар ибтидои асри XIV ва умуман дар давоми тамоми ин аср, оқибатҳои харобиовари истилои муғул ба куллӣ бартараф нагардид» ва илова мекунад, ки «юғи асорати муғулҳо барои халқҳои Осиёи Миёна ниҳоят тоқатфарсо буд ва онро ба ягон балову офат баробар карда намешуд» (саҳ.
619). «Яке аз ҳодисаҳои нангини ҳукмфармоии истилокорони муғул, - менависад академик Б.Ғафуров, - афзоиши ҷанбаи ғуломдорист. Муғулҳо на фақат пешаваронро, балки тамоми аҳолии маҳалҳои ғасбкардаи худро ба ғулом табдил медоданд ва онҳоро дар хоҷагӣ, аз ҷумла, дар зироат ба таври васеъ кор мефармуданд. Дар бозори ғулом одамони ҳар қавму миллатро мефурўхтанд» (саҳ.
630). Таъсири мусибатангези истило ва ҳукмронии муғулҳоро дар ҳаёти фарҳангии минтақа таҳлил намуда, таъкид менамояд, ки истилои муғул ба рушди фан ва адабиёти тоҷик низ зарбаи сахт ворид намуд ва боиси кўчиши марказҳои фарҳангӣ ба манотиқи таҳти тасарруфи муғулҳо қарор нагирифта гардид. Зарбаи муғулҳо ба илму адаби тоҷик то ба ҳадде ҷиддӣ буд, ки «фақат дар охири асри XIV ва ибтидои асри XV марказҳои адабӣ аз нав ба Мовроуннаҳр ва Хуросон» (саҳ.635) интиқол ёфтанд.
Ҳамин тавр, дар таълифоти академик Б. Ғафуров таърихи истилои муғул ва оқибати он тавъам бо консепсияи умумии таърихнигории шўравӣ мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор ёфта, истилои муғул дар баробари дигар манотиқи истилошуда барои Варорўду Хуросон ва сокинони он низ ҳамчун ҳаводиси мусибатомез ва харобиовар тасвир гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё