МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Танҳо дар мактабҳои вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон соли таҳсили 1946-1947 28 101 нусха китоби дарсӣ намерасид [8]. 6 майи соли 1947 Бюрои марказии ҲК (б) Тоҷикистон масъалаҳои «Оид ба чораҳои беҳтар намудани хизматрасонии моддию маишӣ ва фарҳангии донишҷўёни мактабҳои олӣ» ва «Доир ба ҳолати тайёр намудани кадрҳои муаллимӣ дар мактабҳои олии педагогӣ ва омўзишгоҳҳои педагогӣ»-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаст [9]. Қобили қайд аст, ки дар ҷаласаҳои ҳизбию давлатӣ масъалаи тайёр намудани мутахассисони соҳаи омўзгорӣ, махсусан, аз ҳисоби тоҷикон барои ҳамаи ташкилотҳо дар мадди аввал гузошта мешуд.
Дар давоми соли таҳсили 1946-1947 ҳолати мактабу маориф дар ноҳияҳои Норак, Октябр, Варзоб, Роҳатии вилояти Сталинобод, вилояти Уротеппа ва ду маротиба вилояти Ленинобод мавриди таҳлили чуқур ва ҳаматарафа қарор ёфтаанд. 14-августи соли 1947 Бюрои марказии ҲК (б) Тоҷикистон аз нав бо ташаббуси Б.Ғафуров ба муҳокимаи масъалаи ҷамъбасти натиҷаи соли таҳсили 1946-1947 бармегардад. Ҷаласа натиҷаи фаъолияти мактабҳоро ғайриқаноатбахш эълон намуда, нақшаи ҳаматарафаи ҳалли масълаҳои ба миён омадаро пеш гузоштааст [10].
Рафти муҳокимарониҳо муайян намуданд, ки дар соли таҳсили 1946-1947 аввалин муваффақиятҳо ва дастовардҳо дар соҳаи мактабу маориф ба назар мерасад. Аз ҷумла, шумораи умумии мактабҳо нисбат ба соли таҳсили 1945- 1946 зиёдтар гардида буд. Агар дар соли таҳсили 1945- 1946 ҳамагӣ 2875 мактаб мавҷуд бошад, шумораи умумии мактабҳо дар соли таҳсили 1946-1947 ба 2946 расид, махсусан шумораи мактабҳои ибтидоӣ ва миёна зиёд гардида буд [11].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё