Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бо шарофати эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо ташаббус ва ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 манзур гардид, Муғтеппа аз нав тармиму таъмир шуд ва ба як нуқтаи ҷолибу тамошобоби сайёҳони ватанию хориҷӣ табдил ёфт. Пешвои муаззами миллат моҳи июни соли 2018 аз ин мавзеи таърихӣ дидан намуда, дар мулоқоти хеш бо меҳмонон ва мардуми ноҳия бори дигар изҳор намуданд, ки «Истаравшани бостонӣ яке аз чунин шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги дерина дорад ва тайи асрҳои зиёд дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии минтақа нақши муассир бозидааст. Номи Истаравшан дар сарчашмаҳои куҳани таърихӣ дар қатори бузургтарин шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зикр гардидааст». Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид ба он намуданд, ки шаҳри Истаравшан бо теъдоди зиёди қалъаҳояш аз дигар шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ фарқ менамояд. «Имрӯз номи ин ёдгориҳои куҳани таърихӣ, таъкид намуданд Пешвои миллат, - дар деҳаву гузарҳои шаҳр побарҷо мондаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Қалъаи Муғ, Қалъаи Баланд, Қалъачаи Калон, Қалъаи Меҳтар, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Қалъачаи Араб ва монанди онҳо мебошанд». Махсусан, Муғтеппа, ки тибқи андешаи бостоншиносон ба асри панҷи то милод мансуб аст, дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд ёфта, ҳудуди он 6 гектар ва девори атрофаш 600 метрро ташкил медиҳад, нодиртарин намунаи унсурҳои меъмории суннатии гузаштагони мо мебошад.

пешина
аз 142
навбатӣ