Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҷашн гирифтани 2700-солагии Кўлоб бори дигар ишора ба он буд, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳои қадимтарини дунё маҳсуб ёфта, бо шаҳрсозиву шаҳрдории худ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар радифи дигар шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ, ки бо ҳунари олӣ ва завқи бениҳоят баланди шаҳрсозии ниёгон бунёд ёфтаанд, шаҳрҳои бостонии Бохтару Хатлони қадим намунаи барҷастаи заҳмату ҳунар ва санъати волои меъмории гузаштагони мо буда, дар таърихи миллати соҳибтамаддуни тоҷик нақши боризро соҳибанд.
Таърихи қариб сеҳазорсолаи шаҳри Кўлоб далел ба он аст, ки ин минтақа ва водии Вахш ҳанўз аз замонҳои қадимтарин макони сукунати одамони ибтидоӣ будааст ва ёдгориҳои бостонии мансуб ба давраҳои неолит, энеолит, аҳди биринҷ ва асрҳои VII-VI пеш аз мелод, ки дар ин минтақа пайдо карда шуданд, аз ин шаҳодат медиҳанд.
Ҳафриёти бостоншиносӣ, омўзишу таҳқиқоти солҳои охир низ шаҳри қадима ва маҳсули тамаддуни пешрафта будани Кўлобро пурра собит менамоянд. Кўлоб ҳамчун шаҳр ва минтақаи таърихию фарҳангии Хуталони Бузург дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Хуросону Мовароуннаҳр дар ҳама марҳалаҳои таърихӣ нуфузу эътибори баланд дошт. Дар асрҳои миёна Хатлон қаламрави ниҳоят паҳноеро ташкил медод ва тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар минтақаи Кўлоб шаҳрҳои зиёде ба мисли Искандара, Ҳулбук, Тамлиёт, Мунк, Маранд, Андичароғ, Форғар, Рустамбек, Корбанг, Борсориғ ва амсоли онҳо мавҷуд буданд, ки осори баъзе аз онҳоро бостоншиносон дар ҳудуди ноҳияҳои кунунии Кўлоб, Восеъ, Данғара, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Фархор ва Балҷувон пайдо кардаанд.

пешина
аз 142
навбатӣ