Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тирамоҳи соли 2015 3000-солагии маданияти қадимаи Ҳисор ҷашн гигифта шуд. Омодагӣ ва баргузории ин ҷашн ба мисли чорабиниҳои дигар бевосита таҳти назорати пайвастаи Сарвари давлат буд. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштагон, эҳё намудани оину суннатҳои неки аҷдодӣ, тарғиби таъриху фарҳанги пурғановати миллӣ ва бештар аз ҳама ҳифзу нигаҳдошти ёдгориҳои моддиву маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ҳамзамон, дар ин ҷо низ бо шарофати таҷлили ин санаи таърихӣ корҳои зиёди созандагиву бунёдкорӣ ба анҷом расиданд. Масъалаи ба куллӣ тағйир додани инфрасохтори шаҳр ва бунёди шаҳри ҳозиразамон бо ғунҷоиши 55 000 аҳолӣ матраҳ гардид.
Нақшаи генералии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2012-2032 бо илова намудани 330 гектар замин ба ҳудуди ҳозираи он тасдиқ карда шуд.
Пешвои муаззами миллат доир ба мақсад ва манфиати чунин маъракаву чорабиниҳо зимни суханронии хеш изҳор намуданд, ки «Ҳадафи асосии ҳар гуна ҷашну чорабинӣ обод кардани ин ё он гўшаи диёрамон, такони ҷиддӣ бахшидан ба пешрафти шаҳру ноҳияҳои кишварамон ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои ҳамватанонамон мебошад». Танҳо дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор сохтмон ва барқарорсозии 223 иншоот ба нақша гирифта шуда, омўзиши археологӣ ва корҳои ҳафриётӣ дар мавзеъҳои «Қасри ҳоким», «Қалъаи Ҳисор» ва дигар ёдгориҳои таърихӣ вусъати тоза пайдо намуд.

пешина
аз 142
навбатӣ