МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Маҳз бо шарофати чунин сиёсати фарҳангпарварона ёдгориҳои зиёди гаронмояи таърихии кишвар дигарбора шукуҳи таърихии худро эҳё намуда, чун ганҷинаҳои нодири фарҳанги миллӣ ва муҷассамаҳои зиндаи таърих ба маърази таваҷҷуҳи мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта шуданд. Бо чунин фаъолияти густурдаи миллатпарваронаю таърихсозона Пешвои миллатро метавон эҳёгар ва муҳофизи таърихи бостон ва ҳофизаи таърихии миллат номид.
1.3. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НИГОҲИ НАВ БА ТАҲҚИҚИ
ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Замони Истиқлолият ва фазои озоду мусоиди он дар баробари дигар имкониятҳо ба пажуҳиши таърихи пурҳаводиси тоҷикон низ роҳи фароху муҳити созгорро баҳри рў овардан ба ғояҳо ва арзишҳои миллӣ, оину суннатҳои аҷдодӣ, эҳёи низоми давлатдории миллӣ ва пайдо шудани назари боз ҳам жарфтар ба таъриху тамаддуни ориёӣ муҳайё намуд. Маҳз дар замони Истиқлолият манфиат ва ҳадафҳои миллӣ дар сиёсати давлат мақоми асосӣ ва меҳварӣ пайдо намуда, татбиқи он ба муҳимтарин равандҳои сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ табдил ёфт.
Ба хотири ба даст овардани ваҳдату ягонагии миллату кишвар, таҳким ва рушди худшиносию ҳувияти миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти комили давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати давлатдории худ таваҷҷуҳ ба сабақҳои таърих, оину суннатҳои волои давлатдорию фарҳангии аҷдодиро гузошта, арҷгузорӣ, ҳифз ва истифодаи ҳамаҷонибаи ин хазинаи бузурги арзишмандро дар эъмор ва таҳкими давлатдории навини миллӣ пайваста ҳидоят менамоянд.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба таърихи пурғановати халқи тоҷик бе ҳикмат нест. Аввалан, дар давраи ниҳоят ҳассоси ибтидои замони истиқлолият, ки тақдири ҷумҳурии тозаистиқлол ва хатари пора-порашавии давлату миллати тоҷик ба миён омад, рў овардан ба гузаштаи миллат, оину суннатҳои арзишманди аҷдодӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ яке аз рукнҳои асосии наҷоти кишвару миллат буд. «Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, - таъкид менамоянд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё