Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Мактаби таърихнигории тоҷик аз ибтидо бо сабк ва усули воқеънигории худ мақоми хоссаеро соҳиб буд ва имрўз низ ин манзалатро аз даст надодааст. Муҳаққиқон ва таҳилгарони шинохтаи беруна аз таҳрифу муболиға ва ҳангомасозӣ дур будани мактаби таърихшиносии тоҷикро пайваста таъкид менамоянд. «Мо, тоҷикон, - менависанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,- ҳеҷ гуна ниёзе ба таҳрифи огоҳонаи таърих, таърихсозӣ, бузургтарошӣ ва падидаҳои дигари ғайриилмӣ ва зиддиилмӣ надорем. Мо ончунон таърихи дурахшон дорем, ки ҳатто шинохти нисбии он муҷассамаи гўё ва возеҳи мо хоҳад буд» [5, 105].
Бо ба даст овардани Истиқлолият таваҷҷуҳ ба таърих, рўзгору пайкори наслҳои гузашта ва мероси бузурги аҷдодӣ вусъати нав ва тоза пайдо намуд, ки он аз ҷунбишу кўшишҳои маърифатхоҳонаи таърихогаҳии нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта маншаъ мегирифт. Маҳз дар ҳамин давра бо истифода аз таҳаввулот дар ҷомеаи шўравӣ на танҳо назари нав ба таъриху тамаддуни гузаштаи халқи тоҷик шакл гирифт, балки доираи таърихогаҳии ҷомеаи кишвар ниҳоят васеъ гардид, ҳаракати эҳёи оину суннатҳои фарҳангӣ, таҷлили санаҳои таърихӣ, бузургдошти чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанг тадриҷан равиши нав пайдо намуд. Истиқлолият ба ин равиши тоза хилъати комилан миллӣ пўшонид, муносибат ба таҳқиқу омўзиш ва таълиму тадриси таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ба куллитағйир ёфт.
Дар замони шўравӣ таърихи халқи тоҷик ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи ягонаи Иттиҳоди Шўравӣ шинохта мешуд ва таҳқиқу омўзиши он низ дар ҳамин чаҳорчўба амалӣ мегашт.

пешина
аз 142
навбатӣ