Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҷисми сабзи замин оғўштаи хун мегардад, даҳҳо шаҳрҳои обод харобу валангор гардида садҳо ҳазор одамони бегуноҳ қурбони ҷанги беамон мешаванд». Таҳлили вазъи ҷаҳони муосир муаллифро ба хулосае овардааст, ки ҷомеаи инсонӣ баробари рушди босуръат ва дастовардҳои нодир дучори хатарҳои бузург низ гардидааст ва тақдири инсоният ба ҳалли дуруст ва боақлонаи онҳо вобастааст.
Воқеан, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба чунин хулоса ва натиҷагирӣ ҳуқуқи комил дорад, зеро ў на танҳо дар сухан, балки амалан собит сохт, ки истиқрори сулҳ ва ваҳдат омили асосӣ ва созандаи ҷомеаи инсонӣ аст. Таҷрибаи сулҳ ва ризояти миллии Тоҷикистон, ки бо сарварии Пешвои миллат амалӣ гардид дар таърихи башарият падидаи нодиру ибратомўз аст. Ин тадбир, ки маншаъ аз таърихи тўлонӣ ва фарҳанги ғании аҷдодӣ гирифтааст, натиҷаи сабақҳои пурҳикмати чандинҳазорсолаи ниёкон мебошад. Пешвои миллат таърихро на чун амали ҳаводиси гузашта, балки чун сабақи раҳнамо эҳсос мекунад ва таъкид менамояд, ки «агар бихоҳӣ ояндаро бубинӣ, ба гузашта назар намо».
Муқарраран рў оварданро ба гузаштаи таърихии халқи худ муаллиф чун воситаи «дар тарозуи адлу инсоф баркашидан» ва «аз бурду бохти онҳо сабақҳои ибратомўз»
бардоштан медонад. Бо назардошти чунин ҳикмат муаллиф дар бобҳои баъдинаи асари безаволи худ масоили мубрам ва ибратомўзи таърихи гузаштаи ниёгонро ба риштаи таҳлил мекашад. Диққати ўро масъалаҳои густариши давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ, рушди фарҳанги давлатдории тоҷикон дар замони Ҳахоманишиён, талошу истиқлолхоҳии ниёгони тоҷикон-бохтариҳову суғдиҳо алайҳи аҷнабиёни юнону мақдунӣ, омезиши фарҳанги баландпояи ориёӣ бо фарҳанги юнонӣ ва нақши онҳо дар тамаддуни эллинӣ, ташаккул ва болоравии давлати юнониасоси Бохтар, ғуруби тамаддуни эллинӣ ба худ ҷалб менамояд.

пешина
аз 142
навбатӣ