Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Аз ин миён дар хусуси рисолаи «Насри солҳои 1945- 1974», ки ба қалами М.Шакурӣ нисбат дошта, ба сифати ҷилди IV-и «Таърих …» чоп шуд (1980), ҷоиз аст ин ҷо чанд сухан гуфта шавад. Аз рӯи инсоф бояд бигӯям, ки ин рисола аз ҷилдҳои дигар аз лиҳози сифат ва сатҳи илмӣ ба дараҷаҳо беҳтар аст ва мақсади аслии ин тадқиқот – инкишофи жанрҳоро муфассалтар дар худ инъикос намудааст. Дар ин китоб хусусият ва роҳҳои таҳаввули очерку ҳикоя, повесту роман, инчунин жанрҳои таърихӣ, таърихию инқилобӣ, иҷтимоию маишии ҳозиразамон дар насри муосири тоҷик ҳамаҷониба баррасӣ шуда, оид ба ҷараёнҳои услубӣ дар он, хусусиятҳои услуби фардии нависандагони ҷудогона – устод Айнӣ, Икромӣ, Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Толис, Фотеҳ Ниёзӣ, Ф.Муҳаммадиев, Ҳасан Ирфон, Ю.Акобиров, Ӯ.Кӯҳзод, Сорбон, Саттор Турсун, М.Хоҷаев, М.Наҷмиддинов, Ш.Ҳаниф, Баҳром Фирӯз ва дигарон мулоҳизаҳои пурарзиш баён гардидаанд. М.Шакурӣ мушоҳида ва ақидаҳояшро оид ба хусусиятҳои миллии реализм, инчунин дар бораи самтҳои асосии ҷустуҷӯҳои бадеии нависандагон, инъикоси ҳофизаи таърихии халқ ва дунёи маънавию ахлоқии муосирон дар насри имрӯза, ки солиёни дароз дар асару мақолаҳояш баён менамуд, дар ин рисола як андоза ҷамъбаст кард.
5 Дар яке аз рӯзҳои баҳори соли 1984 ба хоначаи кори муаллим Шакурӣ, ки он вақт мизи кори камина низ он ҷо буд, устод Сотим Улуғзода ташриф оварданд. Ду-се нафар аз кормандони Институт низ омадани устодро дида, ба зиёраташон ҳозир шуданд ва ба суҳбати ғайрирасмие, ки дар бораи адабиёт беихтиёр сурат гирифт, ҳамроҳ шуданд.
Мо ҳама асосан хомӯш менишастем. Риштаи сухан ба дасти устоди сухан буд. Улуғзода бо тамкину оромии хоси худашон дар бораи устод Айнӣ хотираҳо мегуфтанд, солҳои ба ҷодаи адабиёт қадам ниҳоданашонро ба ёд меоварданд, дар омади гап дар бораи реализм умуман ва хусусиятҳои миллии реализми адабиёти тоҷик, оид ба адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ изҳори фикр менамуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё