Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба мақолаву тақризҳои интиқодии М.Шакурӣ ҳисси саркӯб кардан ва хурдагирӣ нисбат ба эҷодиёти адибон, хусусан адибони ҷавон тамоман бегона аст. Аз асарҳои ӯ, баръакс, як навъ кӯшиши андаки адибони ҷавонро ба ҷои бисёр дидан, муносибати ниҳоят боэҳтиром нисбат ба шахсият ва истеъдоди эҷодкор мушоҳида мешавад (баъзеҳо ин тарзи муносибати муаллимро ҳатто майл ба сӯи танқиди либералӣ медонанд, ки ин аз нафаҳмидани моҳият ва вазифаҳои танқид аст). М.Шакурӣ аз ҳар асар пеш аз ҳама сифату ҷиҳатҳои ҷолибу хубашро ҷуста, дар айни замон нуқсонҳои он асарро бо далелу бурҳони мантиқиву шайъӣ нишон дода, таносуби бурду бохти муаллифонро ба воситаи тадқиқи асосноки илмӣ муайян месозад. Бисёр осори нависандагони баркамол ва ҷавони онрӯза, мисли Ф.Ниёзӣ, А.Баҳорӣ, Ю.Акобиров, Сорбон, М.Хоҷаев, Саттор Турсун, Ӯ.Кӯҳзод, Баҳром Фирӯз, А.Самадов, А.Рабиев, Ҷ.Акобиров дар танқиди адабии мо беш ва пеш аз ҳама аз ҷониби М.Шакурӣ мавриди таҳлилу тарғиб қарор гирифтаанд.
Дар фаъолияти мунаққидии М.Шакурӣ мақолаҳои проблемавие, ки ба умдатарин масъалаҳои назариву амалии ҷараёни адабии кунунӣ тааллуқ доранд, низ ба аҳаммияти махсус молик мебошанд. Дар мақолаи «Болу пари достон»
(1972) мунаққид аз боби романтизми назми шӯравӣ махсус баҳс кушода, дар натиҷаи таҳлили достонҳои Айнӣ, Пайрав, Лоҳутӣ, Деҳотӣ, Турсунзода, М.Қаноат таносуби унсурҳои романтизм ва реализмро дар достонҳои онон муайян намуда, ба ин васила сабабҳои аз равияи романтикӣ сар шуда, сипас тамоюли реалистӣ касб намудан ва дар солҳои 60-70 боз ба рӯҳияи романтикӣ бештар майл кардани достони замони шӯравии тоҷикро эзоҳ дода буд. Мақолаи «Тафаккури таҳлилӣ ва жарфои реализм» (1983) ба таҳаввули шеъри лирикӣ оид буда, дар он мазмуни фалсафии иҷтимоӣ, хусусияти таҳлилии лирикаи муосири тоҷик баррасӣ шуда, оид ба симоҳои фардӣ ва диди эстетикии Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор, Қутбӣ Киром ва чанде аз шоирони дигари рӯз мулоҳизаҳои ҷолиб баён гардидаанд.

пешина
аз 202
навбатӣ