Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чизе эътирозомез гуфтанӣ будам, ки имкон надод ва илова кард: Шумо метавонед, ман бовар дорам…
Ҷавобе надодам, фақат аз дил гузаронидам, ки агар умр вафо бикунад…


Хоначаи кори Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳамеша серодам буд ва ба ин ҳам худи муаллим ва ҳам кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ одат карда буданд.
Пиру ҷавон, олиму нависанда, шоиру ношир барои маслиҳату машварат ба ин хонача меомаданду мерафтанд. Дар давоми солиёни дарози ҳамкорӣ ва ҳамнишинӣ дар ин хонача боре ҳам нашунидааму надидаам, ки муаллим ба касе аз корафтодагон аз серкориву тангии вақт миннат карда бошад, бо вуҷуди он ки ҳамеша серкору дар сари кор буд.
Муҳаммадҷон Шакурӣ – академики АИ Тоҷикистон, узви Ассотсиатсияи байналхалқии мунаққидони адабӣ, олим ва адиби пурдон, муаллим ва инсони ҳалиму хоксор дар олами илму адаб – дар кони ганҷи маънавии халқ пайваста ранҷ мебурд.
Ҳосили ранҷбурди якумрии М.Шакурӣ осори гаронбаҳои ӯ, мактаби илмиву маърифатӣ, муҳаббати фарзандонаи шогирдон, шуҳрату маҳбубияти ӯ дар ҷомеаи илмиву фарҳангии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамзабон аст. Ёдашон ба хайр!
соли 2014

пешина
аз 202
навбатӣ