Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҷониби дигар, аксари муҳаққиқон ин нуктаи муҳимро асосан перомуни мазмуну мундариҷа ва ҷиҳатҳои ғоявии ғазалиёти шоир баррасӣ намуда, он вижагиҳоеро, ки ба ҷанбаҳои эстетикии ин жанр алоқаманданд, камтар ба эътибор гирифтаанд. Ҳол он ки мазмун ва ғояҳои нави замони нав, умуман табъу маҳорати камназири Лоҳутӣ ба табиати эстетикии жанри ғазал, ба сохтор ва системаи образҳои анъанавии он на танҳо бе таъсир намонд, балки тағйироте ба онҳо ворид кардааст, ки бештар дар равияҳои гуногуни услубӣ дар ғазалиёти шоир арзи андом намудаанд. Он чи муҳаққиқон оид ба услуби ғазалиёти Лоҳутӣ гуфтаанд, ё бар таҳлилу таъйиноти мушаххас асос наёфта, мазмуну хусусияти умумӣ дорад (ниг. Х. Мирзозода. Асари мазкур, саҳ.
262) ва ё аз нишон додани махсусиятҳои забону бадеиёти як қисми ғазалҳо (ниг. М. Давлатов. Асари мазкур, саҳ. 119- 150) иборат аст. Аз ин рӯ услуб дар ғазалиёти Лоҳутӣ то ҳол чун системаи ташаккулдиҳандаи шакли мазмундор, яъне ҳамчун системае, ки ифодаи бадеии мазмунро дар доираи шакли жанрии ғазал таъйин, таъмин ва ташхис бикунад, омӯхта нашудааст.
Албатта, дар доираи як мақола муайян кардан ва нишон додани вижагиҳои равияҳои гуногуни услубӣ дар ғазалиёти устод Лоҳутӣ берун аз имкон аст. Биноан, мо ин ҷо мекӯшем, ки ҳатталимкон равияҳои асосии услубиро дар ғазалиёти шоир, омилҳои таърихиву иҷтимоӣ ва заминаҳои ғоявию эстетикии тазоҳури он равияҳоро мухтасаран баррасӣ намоем.
Омӯзиш ва тадқиқи тӯлонии ғазалиёти устод Лоҳутӣ моро ба андешае водошт, ки онҳоро метавон шартан ба чор равияи услубӣ тақсим кард: публитсистӣ, публитсистии лирикӣ (ғиноӣ), рамзиву маҷозӣ ва ошиқона. Зимнан бояд таъкид бикунам, ки мухторияти ҳар яке аз равияҳои мазкура хусусияти нисбӣ дорад, дар бисёр ғазалҳо унсурҳои равияҳои гуногун ба ҳам даромехтаанд.

пешина
аз 202
навбатӣ