Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Вақте барои ҳифзи Ватан аз адуи дун
Ҳамчун ҳазорҳо шудӣ бар ҷанг раҳсипор,
Огоҳ буд аз ин,
Монанди ман, Замин.
Мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ дар эҷодиёти насли Саидалӣ Маъмур аз бисёр ҷиҳатҳо ба мавзӯи Ҷанги бузурги ватанӣ алоқаманд буд ва ин, албатта, омилҳову сабабҳои воқеӣ дошт. Аввалан, дар даҳсолаҳои баъди ҷанг, хусусан дар даҳсолаҳои ба истилоҳ ҷанги сард, мавзӯи Ҷанги бузурги ватанӣ василаи хеле муҳими мафкуравии тарбияи ҳиссиёти ватандӯстии мардуми шӯравӣ, хоса ҷавонону наврасон буд.
Сониян, замони баъди ҷанг то солҳои 90-уми қарни гузашта, солҳои ба сифати шоир ҷавониву камолот ёфтани Саидалӣ, аксари иштирокчиён, қаҳрамонон ва маҷрӯҳони ҷанг зиндаву саломат буданд, дар сафҳои мо меҳнат мекарданд, дар паҳлуи мо қадам мезаданд, модарону ҳамсарони ҷанговарони шаҳид дар дил умед ҳанӯз чашми интизорӣ ба роҳ медӯхтанд. Солисан, дар сатҳи сиёсати ҷаҳонии муқовимати ду лагер ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Олмон пайваста тарғиб, қурбониҳои моддиву ҷонии давлату халқи шӯравӣ таъкид карда мешуд, мавзеъу ҷойҳову ёдгориҳои таърихии ҷанг мавриди арҷгузориву парастиши умумихалқӣ қарор мегирифтанд, корномаҳои халқу артиши шӯравӣ ва ҷанговарони ҷудогона мояи васфу тараннуми ҳамешагӣ буд.
Санъат, адабиёт ва воситаҳои иттилооти оммаи тамоми халқҳои шӯравӣ, аз ҷумла адабиёти шӯравии тоҷик, ҳамин рӯҳияи сиёсиву маънавиро инъикос менамуданд.
Аз шоирони тоҷик Саидалӣ Маъмур дар қатори чанд тани дигар ба ин мавзӯъ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекард, силсилаҳои «Аз дафтари Польша» («Шӯълаҳои ҷовид», «Дарахти танҳо», «Боғи дӯстӣ», «Арзи садоқат»), «Зангулаҳои Хатин», «Умеди зинда» ва шеърҳои бисёре, ки ӯ ба иштирокдорони ҷанг, аскарони шаҳид ва модарони чашминтизори онҳо бахшидааст, агар дар як ҷилд ҷамъ оварда шаванд, ҷангномаи ҷолиберо ташкил медиҳанд. Дар ҳамаи ин силсилаҳову шеърҳои ҷудогона аҳамияти ғалабаи халқи шӯравӣ бар фашизм барои тақдири ояндаи башарият, пос доштани хотираи шаҳидони ҷанг, ҳамдардӣ бо модарону ҳамсарони аскарони шаҳид, қадршиносӣ, ҳисси эҳтироми бепоён ва раҳму шафқат нисбат ба маҷруҳони ҷанг тавассути муроҷиат ба симоҳои ҷудогонаи шахсони воқеӣ ва тахайюлӣ, тасвири лаҳзаҳои мушаххас, ҳикояти рӯйдодҳои ибратомӯз манзури хонанда мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё