Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Аслан ин манзума як шиносномаи хубе хусусан барои бегонагон аст, ки ба онҳо аз таърих, расму суннатҳо, табиати мардуми тоҷик ва дастовардҳои ин миллат дар даврони истиқлол маълумот медиҳад.
Камол Насрулло муваффақ шудааст, ки Тоҷикистонро дар сиришти фард бигунҷонад ва вуҷуди фарди ватандорро то ҳадди Тоҷикистон вусъату шаҳомат бубахшад. Дар манзума чеҳраи азизу маҳбуби Тоҷикистон ва симову сиришти меҳрбори фарзанди тоҷик ба ҳам даромехта, як образи бадеии тавъамони Ватан ва ватандор арзи ҳастӣ намудааст. Ин падидаи тозаву нишотангез шоистаи таҳнияти шоир ва мояи ифтихори ҳар ватандор ва дӯстдори шеър аст.
соли 2011
ПАҲНОИ ПАРВОЗ
1 Солҳои 1992-93 ҷавони зардинаи лоғарандоми қаддаш аз миёна андак баландтар дар маҳфилҳои адибон, ки дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мешуданд, пайваста ширкат меварзид. Ҳатто дар суҳбатҳои хосаву маҳдуди адибон, ки дар ошхона ё дар фойеву роҳраву дафтарҳои кори Иттифоқ сурат мегирифтанд, гоҳ бевоситаву гаҳе аз дур мекӯшид хомӯшона ҳамроҳ бошад. Андак-андак ҷуръат пайдо карда, ба суҳбатҳои адибон шарик мешуд ва гоҳ-гоҳ шеър ҳам мехонд. Баъдтар фаҳмидем, ки ӯ донишҷӯи риштаи кимиёву биологияи Донишгоҳи омӯзгорӣ Давлат Сафар будааст ва на танҳо иштиёқу ҳавас, балки истеъдоди худододи шеър гуфтан низ доштааст.
Он солҳо, яъне дар ибтидои солҳои 90-и қарни гузашта, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон будам ва ҳамзамон дар телевизион барномаи муаллифии «Нависанда ва замон» доштам. Аз рӯи касбу вазифаам ба ҳар падидаи тозаи адабӣ ва ҳар адиби ҷавоне, ки нишонаҳои истеъдодаш ҳувайдо буд, таваҷҷуҳ зоҳир мекардам. Давлат Сафар соли 1993 таҳсилро ба итмом расониду аз доираи назари мо ғайб зад.
Пас аз чанд муддат дидем, ки ӯ дар телевизион барномаи «Нависанда ва замон»-ро эҳё карда, ба журналистика шуғл варзидааст ва баъдан, бо гузашти айём, дар ин соҳа аз муваффақтарин соҳибкасбон шинохта шуд. Хусусан барномаҳои телевизионии «Додрас», «Соҳибватан» ва «Шаҳдрез»- и Давлат Сафар, ки аз доираи васеи бинишу дониши ӯ шаҳодат медоданд, хеле ҷолиб ва хотирмон буданд.
Соли 1998 нахустин маҷмӯаи шеърҳои Давлат Сафар дар шакли китобчаи хеле наҳиф бо унвони «Пайғоми ашк» ба табъ расид ва мо шод шудем, ки ӯ аз ҳаракат ба самти ҷодаи шеър берун нарафтаву кӯшиши пайроҳаи худро ба ин ҷода пайвастан дорад. Мутаассифона, пас аз нашри ин маҷмӯа боз дувоздаҳ сол танаффус ба миён афтод. Кори телевизион мисоли наҳанги носерест, ки вақту қувваи эҷодиро бераҳмона фурӯ мебарад. Бо вуҷуди ин, Давлат тавонист вақту имкон биёбад ва чӣ хуш аст, ки дар як сол (2010) китоби «Шеъри гаҳвора» ва маҷмӯаи сеюми ашъораш «Шаҳбол» дастраси мову шумо гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё