Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шеърҳои сиёсимавзӯи «Ливои мо» ва «Истиқлоли мо» низ дар шакли ғазал эҷод шудаанд. Бояд таъкид кард, ки дар ғазалҳои Давлат Сафар дар баробари тавсифҳои фаровони мутаносиб ба мавзӯъ инчунин санъатҳои маънавӣ аз қабили талмеҳ, таҷнис, тазод, истиора ва ташбеҳ зиёд истифода мешаванд ва бадеияти сухани шоирро афзун мекунанд. Масалан, дар байти матлаъи яке аз ғазалҳои мазкур чунин таҷниси зебову пурмаънӣ ҷой дорад:

Гуфтам: Хумори васфи чӣ дорӣ, ватансаро?
Гуфто ки: Як таронаи фахри Ватан саро.

Дар байтҳои зер аз ғазалиёти шоир санъати талмеҳ хеле моҳирона ва маъниофарона ба кор рафтааст:

Зи тарси гурги хашму рашки ёрон
Паямбарзодаи чоҳам наомад.


Ба рӯзи сахт меҳри дил ба ҳукми нӯшдоруест,
Хабар аз нӯшдоруям мадеҳ Суҳроби ҳасратро.

Дар баъзе аз ғазалиёти Давлат Сафар санъати талмеҳ пайиҳам омада, ҳадаф тавассути ишороте ифода ёфтааст, ки аз дониши амиқи муаллиф гувоҳӣ медиҳад ва аз хонанда низ ҳамин гуна огоҳиро аз таърих, адабиёт ва ривояту устураҳо тақозо менамояд. Ин ду байти мақтаи яке аз ғазалҳои ӯ ба ҳамин минволанд:

Фарзанди азизи чоҳ аз ғайб шунид:
Печида ба умр аст раҳи фитнагарӣ.
Дар оғуши марг меваи сабр чашид
Суҳроб зи боғи сабзи меҳри падарӣ.

Дар бархе аз абёти ғазалҳои Давлат нишонаҳое аз дониши касбии (биологии) ӯ ба сифати ифодагари ҳикмате рух намудаанд, мисли:

пешина
аз 202
навбатӣ