Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Муносибату ғамхориву садоқату хайрхоҳии ӯ бо хонавода, фарзандон, дӯстону шогирдон низ ибратбахш аст.
Абдураҳмони Абдуманнон аз Боғистон аст. Боғистон деҳаест дар вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбакистон. Деҳае, ки забон, суннатҳову анъанаҳои волои тоҷикии худро ба ҳама фишорҳо ҷавонмандона ҳифз карда меояд. Деҳае, ки дар он шайх Умари Валӣ, фақеҳи номдор, яке аз поягузорони нақшбандия зиставу марқадаш дар он ҷо маҳфуз аст. Ҳоҷа Аҳрори Валӣ абераи ӯст.
Ин аст, ки решаҳои зотии Абдураҳмони Абдуманнон аз хоки ин бузургон маншаъ мегирад ва чароғи хирадро дар ниҳоди ӯ фурӯзон медорад.
Хулоса Абдураҳмони Абдуманнон зиндагӣ ва фаъолияти як инсони асил, нексиришт ва шоистаи таҳсинро ба сар мебарад.
Барои мо, дӯстон, ҳар дақиқаи бо ӯ будан фараҳбахш ва дилхоҳ аст.
Барои хонандаи китоби ӯ низ фурӯ рафтан ба навиштаҳои ӯ, ворид шудан ба олами фазилати ӯ на кам аз ҳамнишинӣ бо худи ӯст. Зеро дар ин ҳамнишинӣ ӯ дари зеҳну дари дили худро бештар боз мекунад ва бештар аз фазилатҳои ӯ баҳраманд мешавед. Инак, ҳар нафаре, ки дари ҷилди китоби ӯро мекушояд, даре ба олами фараҳбахшу нерӯбахши дониш боз менамояд.
Беҳтарин асар ҳамон асарест, ки ба дарде бихурад, ҳоҷатеро барорад, ҳамчун сарчашмаи дониш, хирад, фарҳанги асил тавонад табъҳоро шодоб гардонад. Фарҳангу хиради асил мисли чашмаи беинтиҳо ҳаргиз коставу кам намешавад. Яъне асари асил мисли дониши асил ҳамешагист, то одамизод ҳаст, арзи вуҷуд дорад ва дар кор аст. Эй басо навиштаҳое, ки варақ мезанед, аз саҳифа ба саҳифа мегузаред ва мисли пайроҳаи дилбазани дуру дарозе бо убур аз он на як гиёҳи роз мебӯеду на як нахли пурсамар бо меваҳои шаҳдрез аз пешатон мебарояд ва на чашмаи шодобе, ки ташнагиатонро бишиканад.
Дар чунин таносуб китоби тозаи бародари мо адабиётшинос ва муҳаққиқи соҳибзавқ Абдураҳмони Абдуманнон он пайраҳаеро мемонад, ки пайваста шуморо ба боло мебарад. аммо роҳ чунон ҳамвору атроф чунон сарсабзу пуртароват аст, ки хастагиро эҳсос намекунед. Ҳар пажӯҳише дар ин китоб доираи қабулу олами маънавии шуморо густардатару ғанитар мегардонад. Шумо аз шинохти симои мардони шариф, таҳқиқи фозилонаи ҳаёт ва осори адибон, шинохти симоҳои шахсиятҳои донишманд, эҷодкор, зиёӣ, масъалагузориҳои ҷиддие, ки ба дарду рӯзу рӯзгори эшон бахшида шудааст, баҳраҳо бармедоред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё