Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сухани Абдураҳмони Абдуманнон дар пажӯҳиши адабиёт, дар нақду адабиётшиносӣ фишурда ва нишонрас аст ва ба дарозо намекашад. Ӯ сухане зиёдатӣ намегӯяд, ё мисли баъзеҳо суханро ғоз ё пардоз намедиҳад, зеро барои асари пажӯҳишиву таҳқиқотӣ ин корҳо зиёдатианд.
Масалан, дар як гузориши кӯтоҳ бо номи «Сирру сеҳри сухан»
(китоби «Пиндорҳо ва ингорҳо») ӯ воқеан сирри сеҳри суханро бидуни суханпардозиҳо баён мекунад. Шумо дар ин як гузориши кӯтоҳ тавассути суханони Содиқи Ҳидоят моҳияти эҷодиёти Умари Хайём, ҳақиқати зиндагӣ ва сухани ӯро дарк мекунед ва бо баҳси асосӣ дар мавзӯи шеъри Хайём, дунявӣ ё ирфонӣ будани рубоиёти ӯ ҷавоби боварбахш меёбед. Ва ҷавобе боварбахш ва сареътар аз сухани худи Хайём нест, ки дар «Наврӯзнома»-и ӯ омада, «Хеҷ чиз дар тани мардум нофеътар аз шароб нест… Ҳама муттафиқ гаштаанд, ки ҳеҷ неъмате беҳтару бузургвортар аз шароб нест». Дигар ҷойи баҳс намемонад аз дунявӣ ё рамзиву ирфонӣ будани вожаи шароб дар шеъри Хайём.
Дар чанд сухан ӯ бисёр фишурда арзиши адабӣ ва фалсафии рубоиёти Хайёмро ба қалам медиҳад. Ва ӯ ин арзишро дар ибрози «ҳаяҷони рӯҳ, ғалаёни тафаккур, шӯриши ҳиссиёт ва исёни хиради инсон» мебинад.
Дар пажӯҳишҳои дигаре, ки ба таҳқиқи шеъру адабиёт бахшида шудааст, ӯ кӯшидааст дастовардҳои бадеии шоир, саҳми ӯро дар бунёди сухангустарӣ нишон диҳад ва таҳқиқи ӯ таҳқиқи на мазмуну мундариҷа, чунон ки бисёре аз мунаққидони мо мекунанд, балки ҳунару дастовардҳои шоир бошад. Абдураҳмони Абдуманнон аз аввалинҳост, ки моҳияти навоварӣ ва ҳунари шеъри Бозорро мавриди пажӯҳиш қарор дода («Пиндорҳо ва ингорҳо»), дар ин самт қадамҳои бамаврид гузоштааст.
Ӯст, ки дар мавриди шеъри Лоҳутӣ мӯйро аз хамир ҷудо мекунад ва ба он бардошти барғалате, ки дар бораи шеъри Лоҳутӣ Муҳаммадалии Сипонлу дар мавриди шеърҳои инқилобии ӯ карда буд, ҷавоби сазовор мегӯяд. Ва нишон медиҳад, ки Лоҳутӣ на танҳо шоири навовар аст, балки чи дар сабки шеъри суннатӣ ва чи дар сабки шеъри нав тозагиҳо ва бозёфтҳои бадеӣ дар санъат, мазмун ва ғояи шеър дорад, ки мақоми дурахшони Лоҳутиро дар назми садаи бист муайян кардаанд.

пешина
аз 202
навбатӣ