Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт: «хӯроки якҷояамон фардо нисфирӯзӣ, ту ҳам бояд бошӣ…» Дигар чизе нагуфтаму либосҳоямро пӯшида, ба меҳмонхона раҳсипор шудам…
Вақте ба меҳмонхона расидам, устод омодаи баромадан ва интизори ман буданд. Баъди вохӯриву пурсупос гуфтанд:
«рафтем!» Ба куҷо «рафтем», назди кӣ «рафтем», аз ин хусус на он кас чизе гуфтанд ва на ман чизе пурсидам. Вақте ба таксӣ нишастем, устод ба ронанда «ба меҳмонхонаи «Москва!» гуфтанд…
Ҳангоме ки ба меҳмонхонаи «Москва» даромадем, устод, шояд вазъи парешони маро ҳис карда бошанд, гуфтанд, ки «устод Турсунзода дирӯз аз Индонезия баргаштаанд, назди он кас меравем». Изтироби ман бештар шиддат гирифт, забон хоида, узр пеш меовардам, ки рафтани ман ҷоиз нест ва ғайраву ҳоказо. Устод маро гӯё гӯш мекарданд, вале намешуниданд, ниҳоят бо оҳанги қатъӣ гуфтанд: «Ман ба он кас гуфтаам, ки ҳамроҳи як аспиранти шарқшиносамон меоям, ки дӯсти писари ман аст, гап пухтагӣ…»
Баъдҳо, пас аз хатми аспирантура ва бозгашт ба Душанбе, дарёфтам, ки устод Маъсумӣ аслан ба тӯй ва маъракаву нишастҳо танҳо рафтанро намепазируфтанд, ба бисёр тӯйу нишастҳо маро ҳамроҳ мебурданд ва ман ҳам аввалҳо беҷуръатона, баъдтар бо камоли майл устодро ҳамроҳӣ мекардаму тавассути он кас бисёр одамони маъруфро мешинохтам, аз бисёр масъалаҳои кору рӯзгор огоҳ мешудам, аз суҳбатҳо ва маъракаороии устод баҳраҳо мебурдам…
Он шом ба опортумони устод Мирзо Турсунзода дар меҳмонхонаи «Москва» ҳамроҳи Носирҷон Асадович бо ҳаяҷону изтироби беандоза ворид шудам. Қаблан устод Турсунзодаро дар маҷлисҳову вохӯриҳо дида будам. Ҳоло бояд меҳмон ва ҳамсуҳбати эшон мешудам. Мояи ифтихор ва ниҳояти сарфарозӣ буд бароям.
Устод бо чеҳраи кушод ва табассуми малеҳ моро истиқбол карданд, бо муаллим Маъсумӣ оғӯшакӣ вохӯрданд ва ҳардуямонро ба нишастан даъват намуданд. Ҳамроҳи устод як нафари дигар ҳузур дошт, ки низ бо Носирҷон Асадович гарм ҳолпурсӣ кард.

пешина
аз 202
навбатӣ