Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз рӯи одати хоксории тоҷикӣ ман ба маънии «метавониста бошам?» ким-чиҳо гуфтанӣ будам, ки домулло Маъсумӣ ба ҷои ман «агар ҷиддан кӯшиш кунед, метавонед» гуфтанд.
Бо ҳамин суҳбат хотима ёфт.
Он вақт ман намедонистам, ки дар доираҳои «боло»
миш-миши гӯё ба сионизм пайвастани як гурӯҳ тарҷумонҳои яҳудиасли шеъри мо шуруъ шуда, пас аз чанд вақт чопи тарҷумаҳои онҳо мамнуъ мегардад. Баъдан ба мо лозим шуда буд, ки тамоми осори аз адабиёти тоҷику форс (аз Рӯдакӣ то Мӯъмин Қаноат) тарҷумакардаи масалан С. Липкинро аз нав ба забони русӣ ба тариқи таҳтуллафз баргардонем, то ки шоирони дигар онҳоро дигарбора тарҷума бикунанд.
Фардои он шом ман ба Иттифоқи нависандагон ба назди Шавкат Ниёзӣ рафта, аз он кас маслиҳатҳои хеле муфид шунидам ва матни достони «Роҳи нури офтоб» - ро гирифта, ба тарҷумаи он шуруъ намудам. Аз ҳамон вақт ҳамкориам бо нашриёту нашрияҳои адабии Москва оғоз шуда, баъдан ин ҳамкорӣ бароям як мактаби муҳим ва барои рӯзгорам як манбаъи даромад гардид. Шарофати Носирҷон Асадович Маъсумӣ буд, ки мани як аспирант ба дидору суҳбати устоди бузургвор Мирзо Турсунзода мушарраф шуда, аз ин ду шахсияти барҷастаи адабиёту фарҳангамон дар кори тарҷума фотеҳа гирифтам.
Ёдашон ба хайр.

пешина
аз 202
навбатӣ