Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
шахси бетакаллуф, бериё, баъзан шояд андак дурушти якрав, вале бунёдан ҳалиму меҳрубон ва ниҳоят самимӣ буд. Ин хислатҳои ӯро аз адибони калонсолтар бисёр мешунидам ва аз ибтидои соли 1991 аввал ба тақозои вазифаам (муовини авали раиси Иттифоқи нависандагон) ва баъдан аз рӯи меҳр барои аёдати устод ба хонаашон бештар равуо доштам. Аксаран ҳамроҳи Абдулҳамиди Самад, ки он вақтҳо сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» буд ва ҳар сол рӯзи 5-уми май (зодрӯзи устод) бо гурӯҳи калонтар барои ҳам дидор ва ҳам шодбошгӯии муаллим ба ҳавлияшон мерафтем. Янгаи Гулчеҳра (рӯҳашон шод бод!) бо баҳонаи меҳмондорӣ, вале аслан барои болида гардонидани рӯҳияи устод Миршакар, базмҳои зебо меорост, мерақсид, суруди «Ширин»-ро мехонд. Муаллим Миршакар ором менишасту лаззат мебурд, гоҳ дар нигоҳаш шуълаи меҳр медурахшид ва гӯё абёти худро ба ёд меовард:
Қасам бар чашму абрӯят, ки хоҳам
Гуле бошам даруни бӯстонат,
Ки барчинӣ ба ангушти муҳаббат,
Диҳӣ ҷо дар паноҳи зулфаконат.
Ва гоҳи дигар нигоҳи чашмони дилаш гуё аз гузаштаи пурсурур ба ин айёми пириву ранҷурӣ дӯхта мешуду ингор мегуфт:
Чун умр бирафт аз бари ман дилбари ман, Дар оташи ғам кабоб шуд пайкари ман.
Ман сӯхтаам, вале шавам зинда зи нав, Гар пой ниҳад ба рӯйи хокистари ман.
Қабл аз чунин базмҳои хонаводагӣ ё дар танаффусҳо аз рақсу сурудхониву нӯшбодгӯӣ бо устод дар шипангчаи зебои рӯи ҳавлӣ менишастем ва сари як пиёла чой суҳбатҳо меоростем. Устод, ки синнаш дар атрофи 80 буду аз бемории қанд ранҷ мекашид, сари чунин суҳбатҳо асло аз ранҷу дард ҳарфе ҳам намезад ва ҳар гоҳе, ки мо ба дилпурсиву ҳолпурсӣ лаб мекушодем, кӯтоҳак ба ин маънӣ ҷавоб мегуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё